https://sputnik.tj/20241003/bunyodi-nerugohi-barqi-obi-daryoi-ghundi-nohiyai-shughnon-1064569043.html
Бунёди неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон
Бунёди неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд
2024-10-03T11:59+0500
2024-10-03T11:59+0500
2024-10-03T11:59+0500
дар тоҷикистон
шуғнон
нбо
бунёд
энергетика
барқ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/16/1027221682_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_de54c71928924f7c6e0988da51571efd.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии Неругоҳи барқи обии “Чарсем” миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати мушовирии “Gruner Stucky” (Швейтсария) 27-уми сентябри соли 2024 шартнома ба имзо расонда шудааст.Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки неругоҳи барқи обии “Чарсем” дар ноҳияи Шуғнон, ВМКБ бунёд мегардад.“НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд”, - қайд кардааст манбаъ.НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад.Ёдовар мешавем, ки қаблан Муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар оянда барои таъсис додани корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар нуқтаҳои дурдасттарини кишвар ҳам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.Аз ҷумла, бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор”, сохтмони НБО “Чарсем” ва неругоҳҳои барқи бодиву офтобӣ, ки тезондани сохтмону мавриди истифода қарор додани онҳоро ҷиҳати вусъатбахшии раванди сохтмони корхонаҳои саноатии вилоят мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20240726/sokhtmon-nbo-sebzor-pomir-enerji-dahho-million-evro-grant-1063673593.html
шуғнон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/16/1027221682_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_563f9aed135531cc77825a92667bf74f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергктика, н нбо “чарсем” , бунёд, сохтмон, барқ, вмкб, шуғнон
тоҷикистон, энергктика, н нбо “чарсем” , бунёд, сохтмон, барқ, вмкб, шуғнон
Бунёди неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон
Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии Неругоҳи барқи обии “Чарсем” миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати мушовирии “Gruner Stucky” (Швейтсария) 27-уми сентябри соли 2024 шартнома ба имзо расонда шудааст.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки неругоҳи барқи обии “Чарсем” дар ноҳияи Шуғнон, ВМКБ бунёд мегардад.
“НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар оянда барои таъсис додани корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар нуқтаҳои дурдасттарини кишвар ҳам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла, бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор”, сохтмони НБО “Чарсем” ва неругоҳҳои барқи бодиву офтобӣ, ки тезондани сохтмону мавриди истифода қарор додани онҳоро ҷиҳати вусъатбахшии раванди сохтмони корхонаҳои саноатии вилоят мусоидат мекунад.