https://sputnik.tj/20241002/shahri-istaravshan-maqomi-jahoni-girift--1064559218.html
Шаҳри Истаравшан мақоми ҷаҳонӣ гирифт
Шаҳри Истаравшан мақоми ҷаҳонӣ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардид
2024-10-02T15:56+0500
2024-10-02T15:56+0500
2024-10-02T15:56+0500
истаравшан
дар тоҷикистон
ҳунармандон
суғд
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/02/1064559054_0:38:720:443_1920x0_80_0_0_28dd2a3db430974e8ed21cad8923c6c6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. ШАҳри Истаравшан "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эълон гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ ва 20 нафар узви Раёсати Шӯрои мазкур, ки 14 давлати дунёро намояндагӣ мекунанд, бо як овоз раъй доданд, ки Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардад.Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз ҳазор нафар меҳмонон, аз ҷумла наздик 250 нафар меҳмонон аз 19 кишвари дунё дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан доир шуд, Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ Сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуданд.Инчунин Истаравшан дар як вақт ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.Ёдовар мешавем, ки дар нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 нафар ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, ИМА, Ҳиндустон, Эрон, Болгария, Шветсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Чин, Зеландияи нав, Кувейт ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.
https://sputnik.tj/20240701/taloshi-istaravshan-uzviyat-shuroi-jahoni-hunarmandon-1063393116.html
истаравшан
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/02/1064559054_40:0:680:480_1920x0_80_0_0_3622746e684461eba11085e97e6a8fa9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, истаравшан, ҳунармандӣ, байналмилалӣ, ҷаҳонӣ
тоҷикистон, суғд, истаравшан, ҳунармандӣ, байналмилалӣ, ҷаҳонӣ
Шаҳри Истаравшан мақоми ҷаҳонӣ гирифт
Дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардид
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. ШАҳри Истаравшан "Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ" эълон гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ ва 20 нафар узви Раёсати Шӯрои мазкур, ки 14 давлати дунёро намояндагӣ мекунанд, бо як овоз раъй доданд, ки Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардад.
Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз ҳазор нафар меҳмонон, аз ҷумла наздик 250 нафар меҳмонон аз 19 кишвари дунё дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан доир шуд, Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ Сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуданд.
Инчунин Истаравшан дар як вақт ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 нафар ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, ИМА, Ҳиндустон, Эрон, Болгария, Шветсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Чин, Зеландияи нав, Кувейт ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.