Талоши Истаравшан барои узвият ба Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон открыл культурно-развлекательный парк "Исмаилит Сомони" в Истаравшане
Эмомали Рахмон открыл культурно-развлекательный парк Исмаилит Сомони в Истаравшане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2024
Обуна шудан
Ба наздики ҳайати бонуфузи Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон таҳти роҳбарии Котиби генералии Шӯро аз шаҳри Истаравшан боздид хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ахиран мақомоти шаҳри Истаравшан дар як ҷаласа эълон намуд, ки онҳо соли 2023 ба Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон барои пазируфтани шаҳри Истаравшан ба ҳайси шаҳри ҳунармандон муроҷиати расмӣ ирсол намуда буданд.
“Мақомоти шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо ассосиатсияи ҳунармандони шаҳр соли 2023 ба Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон барои пазируфтани шаҳри Истаравшан ба ҳайси шаҳри ҳунармандон муроҷиати расмӣ ирсол намуда буд”, - қайд кардааст манбаъ.
Мақомот таъкид кардааст, ки баъди баррасӣ ва қабули муроҷиати мазкур рӯзҳои 1-4 июли соли ҷорӣ Комиссияи бонуфузи Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон таҳти роҳбарии Котиби генералии Шӯро ҷаноби Саад ал-Каддумӣ аз шаҳри Истаравшан боздид хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ ин ҳайат бо ҳунармандону растаҳои ҳунармандӣ дар Истаравшан шинос хоҳанд шуд.
Натоиҷи намоишгоҳи байналмилали “Суғд-2024” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Имзои беш аз 100 санади ҳамкорӣ дар доираи намоишгоҳи “Экспо Суғд – 2024” - видео
Ин дар ҳолест, ки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба мақомдорон супоришҳои мушаххса барои қабули меҳмонон додааст.
Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон як созмони ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ аст, ки соли 1964 бо мақсади ташвиқи ҳамкориҳо, мусоидат ба рушди иқтисодӣ тавассути гирифтани даромад бо ҳунармандӣ, ташкили барномаҳои мубодила, семинарҳо, конфронсҳо, намоишгоҳҳо ва дар маҷмӯъ ҳавасмандкунӣ, кӯмак ва машваратҳо бо ҳунармандони ҷаҳон таъсис ёфтааст.
Мақоми шаҳри ҳунармандон танҳо унвони фахрӣ нест. Шаҳре, ки сазовори ин мақом мешавад, ба таври худкор ба рӯйхати сохторҳои СММ дохил карда мешавад ва ҳангоми интихоб кардан, масалан, барои баъзе чорабиниҳои фархангӣ, пеш аз ҳама аз шахрҳое, ки дар ҳамин феҳрист ҳастанд интихоб карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0