Рашту ВМКБ нақшаи даъват ба аскариро пурра иҷро карданд

© Foto / КЧС ТаджикистанаПризывники на сборном пункте. Архивное фото
Призывники на сборном пункте. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2024
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт иддао дорад, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистонро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ, бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайн роҳпаймоӣ ва маросими тантанавӣ баргузор гардид.
Ба иттилои мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистонро барзиёд иҷро намуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои сари вақт ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш арзи сипос намуд.
Вай гуфт соли ҳафтум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст мекунанд.
“Хизмат кардан ба Ватан- ин хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад”, - гуфт оқои Мирзонабот.
Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2024
Дастури Вазири дифои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фасод ва “облава”
Ҳамчунин дар ноҳияи Рашт маъракаи гусели наваскарон ба сафи артиши Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.
Қайд карда шудааст, ки даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100%нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш ба 145 нафар наваскароне, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0