https://sputnik.tj/20240924/dasturi-vaziri-difoi-tojikiston-peshgiri-az-fasod-oblava-1064461417.html
Дастури Вазири дифои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фасод ва “облава”
Дастури Вазири дифои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фасод ва “облава”
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Тоҷикистон ахиран дар ҷаласае чорабиниҳои даъватиро дар соли сипаригашта мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод
2024-09-24T15:49+0500
2024-09-24T15:49+0500
2024-09-24T15:49+0500
дар тоҷикистон
артиш
шералӣ мирзо
даъвати ҳарбӣ
"облава"
фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/74/1022067485_0:0:1400:788_1920x0_80_0_0_a592a15ec268de06b13fbdf9686c4ba1.jpg
ДУШАНБЕ, 24сен – Sputnik. Ахиран дар Вазорати дифои кишвар бо ҳузури вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва ҳузури комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомад баргузор гардид.Дар ин ҷаласа вазири дифоъ қайд кард, ки дар баробари комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно дар фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ як қатор камбудиҳо вуҷуд дорад.Қайд карда шудааст, ки ин камбудиҳобоиси нигаронии вазири дифои кишвар шудааст.Шералӣ Мирзо барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта ба масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, барои сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ супориш додааст.Вай аз комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъват кардааст, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳли ҷомеа ва мардум, ҷавонписарони синни даъватӣ, волидони онҳо, мақомоти масъули вобастаи даъват ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза ҳамкориву ҳамоҳангиро ҳамаҷониба таҳким бахшида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни аҳолӣ, ба таври густурда роҳандозӣ намоянд.Вазири дифоъ инчунин бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвадон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбӣ, бобати муроҷиати мардум, ки ба масъалаи даъват ва ба самту соҳаи комиссариатҳои ҳарбӣ вобастагӣ доранд, диққати ҷидди равона карда, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, бобати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон сари вақт чораҷӯйӣ намоянд.Ҳамчунин масоили вобаста ба тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии шаҳрвандон, омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ба талабот ҷавогӯ намудани нуқтаҳои даъват, интихобу ба сафи артиш фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, ке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад будааст.Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин ҷаласа ба масоили ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу сифати даъвати ҷавонписарон, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
https://sputnik.tj/20240517/mintaqa-tojikiston-naqsha-davat-ijro-sughd-navohii-tobei-1062861490.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102206/74/1022067485_97:0:1148:788_1920x0_80_0_0_1358794e1c60261470d511059066842e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати дифоъ, шералӣ мирзо, пешгирӣ, фасод, облава, нақшаи даъват, артиш
тоҷикистон, вазорати дифоъ, шералӣ мирзо, пешгирӣ, фасод, облава, нақшаи даъват, артиш
Дастури Вазири дифои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фасод ва “облава”
Вазири дифои Тоҷикистон ахиран дар ҷаласае чорабиниҳои даъватиро дар соли сипаригашта мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод
ДУШАНБЕ, 24сен – Sputnik. Ахиран дар Вазорати дифои кишвар бо ҳузури вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва ҳузури комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа вазири дифоъ қайд кард, ки дар баробари комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно дар фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ як қатор камбудиҳо вуҷуд дорад.
Қайд карда шудааст, ки ин камбудиҳобоиси нигаронии вазири дифои кишвар шудааст.
Шералӣ Мирзо барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта ба масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, барои сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ супориш додааст.
Вай аз комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъват кардааст, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳли ҷомеа ва мардум, ҷавонписарони синни даъватӣ, волидони онҳо, мақомоти масъули вобастаи даъват ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза ҳамкориву ҳамоҳангиро ҳамаҷониба таҳким бахшида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни аҳолӣ, ба таври густурда роҳандозӣ намоянд.
Вазири дифоъ инчунин бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвадон ба унвонии ӯ таъкид намуд, ки дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбӣ, бобати муроҷиати мардум, ки ба масъалаи даъват ва ба самту соҳаи комиссариатҳои ҳарбӣ вобастагӣ доранд, диққати ҷидди равона карда, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, бобати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон сари вақт чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин масоили вобаста ба тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии шаҳрвандон, омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ба талабот ҷавогӯ намудани нуқтаҳои даъват, интихобу ба сафи артиш фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, ке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин ҷаласа ба масоили ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузор намудани ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу сифати даъвати ҷавонписарон, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.