Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Талафоти артиши Украина зиёд шуд: Видео зарбаҳои ҳавоии Русия дар вилояти Курск

Обуна шудан
Тибқи иттилои вазорати дифои Русия, бо зарбаҳои ҳавоӣ дар вилояти Курск ҳайати шахсӣ ва ҷойҳои мустақари нерӯҳои украинӣ нобуд карда шуданд
Ҳавопаймои Су-34 як пойгоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи марзии вилояти Курск бомбаборон кард.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар дода, қайд кард, ки ҳайати шахсӣ комилан нобуд карда шуд.
Таъкид мешавад, ки зарба бо истифода аз бомбаҳои ҳидоятшаванда анҷом дода шудааст.
Посухи Русия ба ҳамалоти дурбурд "марговар" хоҳад буд - NYT
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия дар тӯли 24 соат дар манотиқи марзии вилояти Курск беш аз 350 сарбози украинӣ ва ҳашт мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла як мошини зиреҳпӯши пиёданизом, як мошини зиреҳпӯш ва ғайраро нобуд карданд.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск душман беш аз 18 ҳазору 900 нафар низомиён, 133 танк аз даст додааст.
Лентаи хабарҳо
0