Дар Тоҷикистон гирифторӣ ба бемории сил 39% коҳиш ёфт

© Depositphotos.com \ MinervastockВрач с рентгеновским снимком легких
Врач с рентгеновским снимком легких - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2024
Обуна шудан
Чунин натиҷаҳо дар робита ба татбиқи барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ба даст омадаанд, изҳор дошт Вазорати тандурустии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони бемории сил дар 10 соли ахир 39% коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт.
Илова бар ин фавт аз ин беморӣ низ дар ҷумҳурӣ 80% кам шудааст. Дар баробари ин фарогирии муолиҷа тавассути дору 70% ва самаранокии он ба 75% расид.
Роҳи нави ташхиси сили кӯдакон дар навоҳии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад
Абдуллозода тавзеҳ дод, ки чунин натиҷаҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар робита ба татбиқи барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ба даст омадаанд.
Тибқи омори расмӣ аз аввали сол дар Тоҷикистон 191 ҳолати гирифторӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳодиса зиёд будааст.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта 9 272 нафар ба бемории роҳҳои нафас гирифтор шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0