Муҳриддин: Тоҷикистон аз афзоиши ташаннуҷ дар ҷаҳон нигарон аст

© Foto / МИД ТаджикистанаСироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана
Сироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз афзоиши ташаннуҷ ва таҳдидҳои амниятӣ дар ҷаҳон нигарон аст.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқоти ғайрирасмии сарони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ изҳор дошт.
"Мо аз афзоиши ташаннуҷ ва омилҳои бесуботӣ, аз ҷумла афзоиши таҳдиди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, инчунин мушкилоти экологӣ изҳори нигаронӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Дар робита ба ин, раиси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишварҳои СҲИ даъват кардааст, ки дар мубориза бо чолишҳои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ талошҳои муштарак кунанд.
Вай аз ҷумла ба аҳамияти раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм таваҷҷӯҳ карда, кишварҳои ин созмонро барои ширкат дар конфронси байналмилалӣ, ки рӯзҳои 4-5 ноябр дар Кувайт баргузор мешавад, даъват кардааст.
Выступление Эмомали Рахмона на 79-х всеобщих дебатах Генеральной Ассамблеи ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2024
Нигаронии Раҳмон аз афзоиши афкори исломситезӣ ва “сиёсати духӯра” дар ҷаҳон
Қобили зикр аст, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ баргузор шуд. СҲИ як ҷомеаи байналмилалии кишварҳои исломӣ буда, аз 57 давлат иборат аст.
Тоҷикистон соли 1992 ба ин созмон ва соли 2007 узви Иттиҳодияи парлумонии он шуд. Оинномаи СҲШ дар соли 2009 аз ҷониби парлумони ҷумҳурӣ ба тасвиб расида буд.
Лентаи хабарҳо
0