Баҳси НБО "Сангтӯда-2" дар мулоқоти вазири энергетика бо ширкати “Фароб”

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов ТаджикистанаМинистр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа встретился с генеральным директором компании “Фароб” Мухаммадом Хайдари
Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа встретился с генеральным директором компании “Фароб” Мухаммадом Хайдари - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Обуна шудан
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” соли 2006 оғоз шуда, чархаи аввали он дар соли 2011 ба кор даромада буд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Масъалаҳои марбут ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии ширкати "Фароб" Муҳаммад Ҳайдарӣ дар Теҳрон баррасӣ гардиданд.
Дар бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба фаъолияти боэътимоди неругоҳ бо назардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад.
Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда -2" дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон бунёд гардидааст. Сохтмони ин иншооти муҳими энергетикӣ соли 2006 оғоз гардида, соли 2011 агрегати якуми он ва соли 2014 иншоот пурра ба истифода дода шуд.
Сангтудинская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2024
Тоҷикистону Русия фурӯши барқ аз НБО “Сангтуда-1”-баррасӣ намуданд
Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар дарёи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон бунёд гардида, иқтидори миёнаи солонаи он истеҳсоли 932 миллион кВт-соат неруи барқ мебошад.
Баландии обанбори неругоҳ 34 метрро ташкил медиҳад.
Дар ин тарҳ 256 миллион доллар сарф шудааст, ки 180 миллиони он аз ҷониби Эрон, 40 миллион доллараш аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 миллион доллараш аз ҷониби ширкати эронии “Сангоб” пардохт шудааст.
Бар асоси шартномаи миёни ду кишвар, қарор буд аз рӯзи баҳрабардорӣ ин нерӯгоҳ 12 сол дар ихтиёри Эрон қарор гирифта, баъдан пурра моли Тоҷикистон шавад.
Лентаи хабарҳо
0