https://sputnik.tj/20240926/eron-bozori-iiao-armaniston-buzurgtarin-markazi-savdo-mesozad-1064493544.html
Эрон барои роҳ ёфтан ба бозори ИИАО дар Арманистон бузургтарин Маркази савдо месозад
Эрон барои роҳ ёфтан ба бозори ИИАО дар Арманистон бузургтарин Маркази савдо месозад
Sputnik Тоҷикистон
Бо сохтмони бузургтарин Маркази байналмилалии савдо дар Арманистон Эрон мехоҳад ҳамкориҳояшро бо кишварҳои узви ИИАО тақвият бахшад
2024-09-26T19:29+0500
2024-09-26T19:29+0500
2024-09-26T19:29+0500
арманистон
эрон
ҳамкорӣ
ииао
маркази савдо
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e3207ca1cc012892ee39e3de00206eb0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Дар пойтахти Арманистон Ереван рӯзи 1 октябр бузургтарин маркази тиҷоратии Эрон дар хориҷ ифтитоҳ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Меҳр”.Ба иттилои ин расона ин маркази савдо дарвозаи Эрон барои ворид шудан ба бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мешавад.Гуфта мешавад, ки ин нахустин маркази тиҷории доимии эронӣ дар хориҷ аст. Он дар ҳамкорӣ бо Созмони мусоидат ба тиҷорати Эрон сохта шудааст.Дар бино, ки дар масоҳати беш аз 18 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст, майдони намоишгоҳ бо 107 дукони фурӯш ҷойгир шудааст, ки тақрибан 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноат намоиш дода мешавад. Илова бар ин, маркази савдо бо толори конфронс барои вохӯриҳои корӣ ва ҷойи баргузории чорабиниҳои мухталиф муҷаҳҳаз шудааст.Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот вазирони саноат ва иқтисоди ду кишвар ва раҳбарони бузургтарин корхонаҳои Эрон ширкат хоҳанд кард.Маркази савдо инчунин маркетинг, логистика ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ пешниҳод хоҳад кард.Интизор меравад, ки ин барои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Эрон ва Арманистон ва кишварҳои ИИАО имкониятҳои нав фароҳам месозад.ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.
https://sputnik.tj/20240901/mukolama-tijorati-iiao-eron-barguzor-meshavad-1064159873.html
арманистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_650d14221f07fb69e37a525859dd7d8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ииао, бозор, роҳ ёфтан, ҳамкорӣ, арманистон, маркази савдо
эрон, ииао, бозор, роҳ ёфтан, ҳамкорӣ, арманистон, маркази савдо
Эрон барои роҳ ёфтан ба бозори ИИАО дар Арманистон бузургтарин Маркази савдо месозад
Бо сохтмони бузургтарин Маркази байналмилалии савдо дар Арманистон Эрон мехоҳад ҳамкориҳояшро бо кишварҳои узви ИИАО тақвият бахшад
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Дар пойтахти Арманистон Ереван рӯзи 1 октябр бузургтарин маркази тиҷоратии Эрон дар хориҷ ифтитоҳ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Меҳр”.
Ба иттилои ин расона ин маркази савдо дарвозаи Эрон барои ворид шудан ба бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин нахустин маркази тиҷории доимии эронӣ дар хориҷ аст. Он дар ҳамкорӣ бо Созмони мусоидат ба тиҷорати Эрон сохта шудааст.
Дар бино, ки дар масоҳати беш аз 18 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст, майдони намоишгоҳ бо 107 дукони фурӯш ҷойгир шудааст, ки тақрибан 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноат намоиш дода мешавад. Илова бар ин, маркази савдо бо толори конфронс барои вохӯриҳои корӣ ва ҷойи баргузории чорабиниҳои мухталиф муҷаҳҳаз шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот вазирони саноат ва иқтисоди ду кишвар ва раҳбарони бузургтарин корхонаҳои Эрон ширкат хоҳанд кард.
Маркази савдо инчунин маркетинг, логистика ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ пешниҳод хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ин барои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Эрон ва Арманистон ва кишварҳои ИИАО имкониятҳои нав фароҳам месозад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.