Раҳмон дар СММ аз вазъи Фаластину Афғонистон гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВыступление Эмомали Рахмона на 79-х всеобщих дебатах Генеральной Ассамблеи ООН
Выступление Эмомали Рахмона на 79-х всеобщих дебатах Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2024
Обуна шудан
Президент дар суханронияш таъкид кард, ки қазияи Фаластин ҳалли низомӣ надорад ва бояд давлати мустақил ташкил шавад. Ӯ ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳон хост ба Афғонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Эмомлаӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар суханронияш дар иҷлосияи 76-уми Маҷмааи умумии СММ дар баробари масъалаи муҳим ҳамзамон аз Фаластину Афғонистон низ ёдовар шуд.
Ӯ гуфт, буҳрони Фаластин ҳамоно боиси нигаронии амиқи Тоҷикистон аст ва вазъи фоҷеабори имрӯза дар он минтақа бори дигар собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад.
“Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад”, - гуфт президенти кишвар.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ иқдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид.
Ӯ ҳамчунин, гуфт ҷонибдори истиқрори сулҳу суботи пойдор ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон аст ва Тоҷикистон ҳамеша омодаи мусоидат дар масири эҳё ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти осоишта дар Афғонистон мебошад.
Раисҷумҳур аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки “бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони башарӣ кумакҳои хешро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаҳое, ки дар пайи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, дареғ надоранд”.
Лентаи хабарҳо
0