https://sputnik.tj/20240925/barrasii-sodiroti-obi-nushoki-tojikiston-kuvayt-1064477057.html
Баррасии содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт
Баррасии содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт беҳбуд бахшидани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2024-09-25T14:29+0500
2024-09-25T14:29+0500
2024-09-25T14:29+0500
эмомалӣ раҳмон
кувайт
дар тоҷикистон
сиёсат
содирот
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064471627_0:152:2047:1303_1920x0_80_0_0_01fc9490b0ff0e665372f7a26c36e6cd.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ тарафҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҷонибҳо ҳамчуниндар бораи таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва таъмини амният табодули афкор карданд.Ҳамзамон барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти арабӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар бо Валиаҳди Давлати Кувайт истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, самтҳои дигари ҳамкории ояндадори ду кишвар баррасӣ шуд.Тарафҳо дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ҷудо намудани бурсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва фанҳои дақиқ барои шаҳрвандони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.Дар ин дидор тарафҳо масоили вобаста ба таъмини амну субот низ баррасӣ карданд.Тарафҳо аҳаммияти баргузории Конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ “Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе”-ро, ки ба наздикӣ дар Кувайт баргузор хоҳад шуд, таъкид карданд.
https://sputnik.tj/20240925/rahmon-smm-vaz-falastin-afghoniston-guft-1064472195.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/19/1064471627_114:0:1933:1364_1920x0_80_0_0_6d7cf2f6a443dc12d74976be11f4f83f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кувайт, содирот, об, амният, сулҳ, мулоқот, сиёсат, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, кувайт, содирот, об, амният, сулҳ, мулоқот, сиёсат, эмомалӣ раҳмон
Баррасии содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт беҳбуд бахшидани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ мулоқот намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ тарафҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчуниндар бораи таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва таъмини амният табодули афкор карданд.
Ҳамзамон барои беҳбуд бахшидан ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти арабӣ ва ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар бо Валиаҳди Давлати Кувайт истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, самтҳои дигари ҳамкории ояндадори ду кишвар баррасӣ шуд.
Тарафҳо дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ҷудо намудани бурсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва фанҳои дақиқ барои шаҳрвандони ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар ин дидор тарафҳо масоили вобаста ба таъмини амну субот низ баррасӣ карданд.
Тарафҳо аҳаммияти баргузории Конфронси байналмилалии зиддитеррористӣ “Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе”-ро, ки ба наздикӣ дар Кувайт баргузор хоҳад шуд, таъкид карданд.