https://sputnik.tj/20240923/talafot-ziyod-ast-artishi-ukraina-vazro-khatti-jabha-sharh-1064450893.html
Талафот зиёд аст: Артиши Украина вазъро дар хатти ҷабҳа шарҳ дод
Талафот зиёд аст: Артиши Украина вазъро дар хатти ҷабҳа шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи “Financial Times” навиштааст, ки талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа бинобар ҷангҳои шадид бештар шудааст
2024-09-23T18:11+0500
2024-09-23T18:11+0500
2024-09-23T18:11+0500
русия
дар русия
украина
талафот
амалиёти вижа
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/17/1064451220_0:35:3072:1763_1920x0_80_0_0_5caa25f4993fdf4ad905a4fbe05fd954.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сент – Sputnik. Артиши Украина эътироф кардааст, ки ҳоло талафоти онҳо дар хатти ҷабҳа аз нисбат ба даври пешин зиёдтар шудааст, менависад “Financial Times”.Ин рӯзнома қайд кардааст, ки сабаби талафоти бештар, ин набардҳои шадид ва идомаи фишорҳои артиши Русия дар хатти ҷабҳа аст.Юрий, фармондеҳи бригадаи 68-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ба нашрия гуфтааст, ки набардҳои ахир "хеле шадат" гирифтааст: "Мо талафоти зиёд дорем... Талафот бештар аз замони пештара".Рӯзнома қайд кардааст, ки ин фармондеҳ шумораи дақиқи сарбозони ҳалокшуда нагуфтааст, аммо таъкид кардааст, ки вазъи сарбозонро бад тавсиф кардааст.Фармондеҳи дигари нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо лақаби "Феникс" аз "фишор"-и Русия дар хатти ҷабҳа ёдовар шуд.Дигар афсарони низомии украинӣ, ки аз онҳо ном бурда намешавад, низ ба рӯзномаи Financial Times қайд карданд, ки ҳамла ба вилояти Курск боиси он шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавқеъҳо дар Донбасс, бахусус дар самти Красноармейск аз даст диҳанд.Фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина низ аз камбуди шадиди сарбозон ва ивази онҳо дар хатти ҷабҳа аз соли 2022 шикоят карданд.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20240920/peskov-artishi-rusiya-nazorat-kurskro-barqaror-1064420103.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/17/1064451220_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3e4cde085b213e8c62878f101376f9e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, хатти вабҳа, ҷанг, украина, талафот
русия, амалиёти вижа, хатти вабҳа, ҷанг, украина, талафот
Талафот зиёд аст: Артиши Украина вазъро дар хатти ҷабҳа шарҳ дод
Рӯзномаи “Financial Times” навиштааст, ки талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар хатти ҷабҳа бинобар ҷангҳои шадид бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 23 сент – Sputnik. Артиши Украина эътироф кардааст, ки ҳоло талафоти онҳо дар хатти ҷабҳа аз нисбат ба даври пешин зиёдтар шудааст, менависад “Financial Times”.
Ин рӯзнома қайд кардааст, ки сабаби талафоти бештар, ин набардҳои шадид ва идомаи фишорҳои артиши Русия дар хатти ҷабҳа аст.
Юрий, фармондеҳи бригадаи 68-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ба нашрия гуфтааст, ки набардҳои ахир "хеле шадат" гирифтааст: "Мо талафоти зиёд дорем... Талафот бештар аз замони пештара".
Рӯзнома қайд кардааст, ки ин фармондеҳ шумораи дақиқи сарбозони ҳалокшуда нагуфтааст, аммо таъкид кардааст, ки вазъи сарбозонро бад тавсиф кардааст.
Фармондеҳи дигари нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо лақаби "Феникс" аз "фишор"-и Русия дар хатти ҷабҳа ёдовар шуд.
Дигар афсарони низомии украинӣ, ки аз онҳо ном бурда намешавад, низ ба рӯзномаи Financial Times қайд карданд, ки ҳамла ба вилояти Курск боиси он шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавқеъҳо дар Донбасс, бахусус дар самти Красноармейск аз даст диҳанд.
Фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина низ аз камбуди шадиди сарбозон ва ивази онҳо дар хатти ҷабҳа аз соли 2022 шикоят карданд.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.