Аз “Москвич” то “Форд”: Баргузории фестивали ретрохудравҳо дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Меҳмонон ва сокинони пойтахт, ки дар наздикии майдони 800-солагии Маскав ҷамъ омаданд, имкон пайдо карданд ба фазои асри баргашта онро аз наздик эҳсос намоянд
Дар Душанбе фестивали ретро худравҳо баргузор шуд.
Ба меҳмонон беш аз 20 худрави солҳои 30-юми асри 20 истеҳсолшуда намоиш дода шуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Миёни худравҳо "Москвич-400"-и сохти Иттиҳоди Шӯравии солхои 50-ум, якчанд модели гуногуни "Волга", "Запорожец", "Жигули" ва "УАЗ"-ро дидан мумкин буд.
Ин чорабинӣ дар атрофи майдони 800-солагии Маскав дар назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маркази Душанбе баргузор шуд.
"Москвич" ва "Волга": дар Душанбе фестивали автомобилҳои ретро доир шуд
Ба ин ҷо меҳмонони бисёре омаданд, ки дар байни онҳо оилаҳо бо фарзандонашон низ буданд.
Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонистанд дар ин чорабинӣ дар мусобиқаҳои армрестлинг ширкат кунанд ва ё барои бардоштани штанга кӯшиш кунанд.
Дар охири фестивал санъаткорон ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон консерти рангин намоиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0