"Москвич" ва "Волга": дар Душанбе фестивали автомобилҳои ретро доир шуд

© SputnikВ Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2024
Обуна шудан
Меҳмонони чорабинӣ, ки дар наздикии майдони 800-солагии Маскав баргузор шуд, тавонистанд бо дидани мошинҳои таърихӣ вориди замони гузашта шаванд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар Душанбе фестивали мошинҳои кӯҳна ва ё ретро баргузор шуд.
Ба меҳмонон беш аз 20 мошини аз солҳои 30-юми асри 20 истеҳсолшуда намоиш дода шуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар байни мошинхо "Москвич-400"-и советии солҳои 50-ум, якчанд модели гуногуни "Волга", "Запороже", "Жигули" ва "УАЗ"-ро дидан мумкин буд.
Инчунин, Ford- и амрикоӣ ва Opel Admiral- и солҳои 1930, Mercedes ва BMW намоиш дода шуданд.
© SputnikВ Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей - Sputnik Тоҷикистон
1/3
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
© SputnikВ Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей - Sputnik Тоҷикистон
2/3
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
© SputnikВ Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей - Sputnik Тоҷикистон
3/3
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
1/3
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
2/3
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
3/3
В Душанбе прошел фестиваль ретроавтомобилей
Ин чорабинӣ дар атрофи майдони 800-солагии Маскав дар назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маркази Душанбе баргузор шуд.
Ба ин ҷо меҳмонони бисёре омаданд, ки дар байни онҳо оилаҳо бо фарзандонашон низ буданд.
Дар ин ҷо шумо на танҳо экспонатҳоеро, ки бо қувваи худашон ба ин чо омадаанд, тамошо карда, дар паҳлуи онҳо сурат гирифтан имконпазир гардид, балки бо иҷозати соҳибон дар дарун нишаста, ба дохили мошинхо шахсан бахо додан мумкин буд.
Оғози дурахшони сайри эҷодии театри ба номи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Театри Айнӣ мавсими навро бо намоиши операи "Рӯдакӣ" оғоз кард - видео
Бисёр ронандагоне, ки тасмим гирифтанд, то мошинҳои худро нишон диҳанд, бори аввал ин корро накарданд.
Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонистанд дар ин чорабинӣ дар мусобиқаҳои армрестлинг ширкат кунанд ва ё барои бардоштани штанга кӯшиш кунанд.
Дар охири фестивал санъаткорон ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон консерти рангин намоиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0