Маълум шуд, ки дар ИИАО саноати кӣ пештар рушд мекунад

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкПроизводство насосного оборудования
Производство насосного оборудования  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2024
Обуна шудан
Таҳлилгарони ИИАО бузургтарин афзоиши тавлидоти саноатиро дар давраи аз январ то июли соли 2024 дар яке аз кишварҳои иттиҳод сабт карданд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.
Дар ин бора дар гузорише, ки бар асоси маълумоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё таҳия шудааст, гуфта мешавад.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8% афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки афзоиши нишондиҳандаҳо якбора дар ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда мушоҳида шудааст.
Пассажиры в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2024
Дар кишварҳои ИИАО роуминг аз байн меравад
Миёни кишварҳои узви созмон Арманистон болотарин нишондиҳандаро дорад. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар ин кишвар 18,2% афзудааст, ки беназир аст.
Дар Қирғизистон ҳаҷми маҳсулоти саноат 1, дар Белоруссия — 7,1%, дар Русия — 4,4%, дар Қазоқистон — 2,8% афзуд.
Тиҷорати мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ду баробар афзуд.
Дар тӯли 10 соли мавҷудияти иттиҳод гардиши молии кишварҳои ширкаткунанда аз 3,9 то ба 7,4 триллион рубл расид.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2023 афзоиши ММД 3,8%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ММД-и ҷаҳонӣ зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0