https://sputnik.tj/20240916/kishvarhoi-iiao-rouming-az-bayn-meravad-1064349924.html
Дар кишварҳои ИИАО роуминг аз байн меравад
Дар кишварҳои ИИАО роуминг аз байн меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Комиссияи иқтисоодии АвруОсиё дар семоҳаи аввали соли 2025 руоминг дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз байн бурда мешавад
2024-09-16T17:06+0500
2024-09-16T17:06+0500
2024-09-16T17:06+0500
русия
дар русия
ииао
авруосиё
алоқа
телефон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0c/1054161247_0:251:3072:1979_1920x0_80_0_0_5f0b943781740b6a007eefd23202c8b7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Лоиҳаи бекор кардани роуминги байналмилалӣ байни кишварҳои узви ИИАО аз ҷониби Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳия шудааст.Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Ба иттилои мнабаъ, айни замон комиссия дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба алоқа тадбирҳои ниҳоии нақшаро амалӣ карда истодааст.“Гурӯҳи корӣ дар бораи таҳияи қоидаҳои истифодаи тарифҳои одилонаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар роуминги байналмилалӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО баррасӣ дорад. То охири соли равон лоиҳаи қоидаҳо бояд барои тасвиб ба ҳайати мушовараи комиссия пешниҳод карда шаванд", - гуфт Сергей Максимов, директори департаменти танзими зиддиинҳисории КИАО.Айни замон дар бораи татбиқи тарифҳои одилонаи алоқа дар кишварҳои узви ИИАО гуфтушунид давом дорад.Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иддао дорад, ки роуминг дар семоҳаи аввали соли оянда лағв хоҳад шуд.Ҳанӯз маълум нест, ки лағви роуминг танҳо ба зангҳои телефонӣ дахл дорад ё ба интернети мобилӣ низ дахл хоҳад кард.ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.
https://sputnik.tj/20240915/ki-samthoi-asosii-siyosati-savdoro-dar-iiao-muarrifi-kard-1064336576.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0c/1054161247_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_75b866ff4b352d3249f6cd735e16067f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, авруосиё, алоқа, роуминт, телефон, комиссияи иқтисодии авруосиё
ииао, русия, авруосиё, алоқа, роуминт, телефон, комиссияи иқтисодии авруосиё
Дар кишварҳои ИИАО роуминг аз байн меравад
Ба иттилои Комиссияи иқтисоодии АвруОсиё дар семоҳаи аввали соли 2025 руоминг дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз байн бурда мешавад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Лоиҳаи бекор кардани роуминги байналмилалӣ байни кишварҳои узви ИИАО аз ҷониби Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳия шудааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои мнабаъ, айни замон комиссия дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба алоқа тадбирҳои ниҳоии нақшаро амалӣ карда истодааст.
“Гурӯҳи корӣ дар бораи таҳияи қоидаҳои истифодаи тарифҳои одилонаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар роуминги байналмилалӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО баррасӣ дорад. То охири соли равон лоиҳаи қоидаҳо бояд барои тасвиб ба ҳайати мушовараи комиссия пешниҳод карда шаванд", - гуфт Сергей Максимов, директори департаменти танзими зиддиинҳисории КИАО.
Айни замон дар бораи татбиқи тарифҳои одилонаи алоқа дар кишварҳои узви ИИАО гуфтушунид давом дорад.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иддао дорад, ки роуминг дар семоҳаи аввали соли оянда лағв хоҳад шуд.
Ҳанӯз маълум нест, ки лағви роуминг танҳо ба зангҳои телефонӣ дахл дорад ё ба интернети мобилӣ низ дахл хоҳад кард.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.