Дар ВМКБ ба 62 деҳаи бебарқ равшанӣ мерасад

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭлектростанция в ГБАО
Электростанция в ГБАО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2024
Обуна шудан
Амалисозии лоиҳаи “Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)” дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар доираи лоиҳаи “Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)” 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти вилоят бо барқ таъмин хоҳанд шуд, иттилоъ додааст Ширкати “Помир Энерҷи”.
Қайд карда шудааст, ки аксарияти ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгир мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки корҳо дар доираи амалисозии ин лоиҳа 13-уми ноябри соли 2019 оғоз гардида, то моҳи декабри соли 2025 пурра бояд ба анҷом расанд.
Лоиҳа аз ду марҳала иборат буда, марҳалаи якуми он соли 2021 ба итмом расид.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳалаи аввал 27 деҳаи бебарқ ва 1114 муштарӣ тавассути сохтмони хатҳои интиқол ва тақсими қувваи барқи 10 ва 0,4кВ бо насби зеристгоҳҳои трансформатории хурд ва гузарондани ноқилҳои дарунӣ ба қувваи барқ пайваст гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки дар марҳалаи дуюм, ки аз соли 2021 оғоз ёфт, сохтмони шабакаҳои хурди автономӣ бо истифодаи панелҳои офтобӣ дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ ва як неругоҳи бодӣ дар назар аст.
Ввод в эксплуатацию четвертого гидроагрегата Нурекской ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2024
Барқ зиёд мешавад?: Раҳмон чархаи чаҳоруми НБО “Норак”-ро баъд аз навсозӣ ба кор даровард
Мутобиқи лоиҳа, ширкати “Помир Энерҷи” дар ин давра сохтмони 13 неругоҳи барқи обӣ, 30 неругоҳи офтобиро бо системаи батареяҳо ва неругоҳи барқии бодии 200кВт-ро ба нақша гирифтааст.
“Помир Энерҷи” ният дорад, ки то охири соли 2024 боз 7 неругоҳи барқии офтобиро дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ бо иқтидори умумии 5,3 мВт дар деҳаҳои Аличор, Башгумбез, Булункӯл, Чечекде, Оқтал, Мамадзоири ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим сохта ба истифода диҳад.
Марҳалаи дуюми амалигардонии лоиҳаи мазкур то соли 2025 идома ёфта, тавоноии стансияҳои барқии офтобӣ дар ин давра аз 33 кВт-и соли 2021 то охири амалигардонии барнома ба 2600 кВт мерасад.
Ноҳияи Мурғоб минтақаи баландкӯҳ буда, деҳаҳои он аз ҳамдигар дар масофаи то 150-200 км дурӣ ҷойгиранд.
Аз ин хотир, сохтмони иншооти барқӣ, мисли кашидани хатҳои барқӣ ба ин деҳаҳо хароҷоти калонро талаб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0