https://sputnik.tj/20240123/charo-zilzila-shabona-amal-posukhi-mutakhassis-1061368588.html
Чаро зилзила бештар шабона ба амал меояд: посухи мутахассис
Чаро зилзила бештар шабона ба амал меояд: посухи мутахассис
Sputnik Тоҷикистон
Ҳеҷ робитае миёнит замон ва заминҷунбӣ вуҷуд надорад, аммо Моҳ ҳангоми дар нуқтаи поин буданаш метавонад ба Замин таъсири ҷозибавӣ расонад
2024-01-23T16:25+0500
2024-01-23T16:25+0500
2024-01-27T18:09+0500
заминларза
мутахассисон
дар ҷаҳон
андеша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055679888_0:149:3091:1887_1920x0_80_0_0_3a78a796cf6174475f0a57472accc281.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Заминларзаҳо дар миқёси ҷаҳонӣ дар вақтҳои гуногуни рух медиҳанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон доктори илмҳои геология-минералогия, дотсенти факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов ва ходими калони илмии Институти геохимиявии ба номи В. Вернадский РАСС Руслан Габдуллин изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, олимон дар ин бора назари муштарак надоранд. Шарҳи эҳтимолӣ метавонад масофаи байни Замин ва Моҳ бошад, илова намуд ӯ. Ҳамин тариқ, наздикшавӣ 13 январ буд, он вақт масофаи байни сайёраи мо ва моҳвораи он 362266,6 километр буд. Авҷ, вақти аз Замин то ҳадди имкон дуртар рафтани Моҳ 29 январ, баъд масофаи байни ду ҷисми осмонӣ 405 778,4 километр хоҳад шуд, илова намуд Габдуллин. Дар лаҳзаи хурдтарини масофаи байни онҳо қувваи кашиши Моҳ ҳамчун катализатор дар қабатҳои ҳаракаткунандаи тектоникӣ дар зери фишори доимии ҳамдигар баромад карда, ба ҳаракати онҳо шуруъ мекунад ва гуё дар ҳаракати он ба ин ё он қабати тектоники "ёрӣ" мерасонад. Ин ҳаракатҳо дар навбати худ заминҷунбиҳоро ба вуҷуд меоранд, шарҳ дод олим. Ба ақидаи ӯ, дар байни вақти ин ҳаракатҳо ва дар натиҷа зилзилаҳое, ки онҳо ба амал овардаанд ва ваҳти руз алоқаи якхела ва собитшуда вуҷуд надорад.Шояд дар бардошти зеҳнӣ аз зилзила дар шабу рӯз тафовут вуҷуд дошта бошад, гуфт ӯ."Шабона барои одамоне, ки бе ҳаракат, дар истироҳат, хобидаанд он бештар намоён мешавад. Ҳангоми фаъолият ва ҳаракати одамон ларзишҳои суст эҳсос карда намешаванд", - шарҳ дод коршинос. Фаромӯш накунед, ки дар уқёнусҳо ва минтақаҳои камаҳолии Замин зилзилаҳои зиёд ба амал меоянд, ки дар бораи ин ҳодисаҳо танҳо аз сейсмографҳо маълумот гирифтан мумкин аст, афзуд ӯ. Ҳамаи ин маълумот ба марказҳои коркарди иттилоот ворид мешавад, ки харитаҳои онлайнии зилзилаҳоро нашр мекунанд. Аз таҳлили онҳо маълум мешавад, ки заминчунбӣ дар миқёси Замин дар вақтҳои гуногуни рӯз ба амал меояд. Ёдовар мешавем, ки шаби 23 январ дар Қазоқистон заминларзаи шадид рух дод. Шиддати заминларза ба 6,7 балл расидааст, ки дар пайи харобиву 44 захмӣ барҷой гузошт.
https://sputnik.tj/20240123/zilzila-shadid-qazoqiston-zakhmiyon-hastand-1061365384.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055679888_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0d54ec72de21c3ab6c0da34456ccce23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зилзила шабона амал посух мутахассисон
зилзила шабона амал посух мутахассисон
Чаро зилзила бештар шабона ба амал меояд: посухи мутахассис
16:25 23.01.2024 (Навсозишуда: 18:09 27.01.2024) Ҳеҷ робитае миёни замон ва заминҷунбӣ вуҷуд надорад, аммо Моҳ ҳангоми дар нуқтаи поин буданаш метавонад ба Замин таъсири ҷозибавӣ расонад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Заминларзаҳо дар миқёси ҷаҳонӣ дар вақтҳои гуногуни рух медиҳанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон доктори илмҳои геология-минералогия, дотсенти факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов ва ходими калони илмии Институти геохимиявии ба номи В. Вернадский РАСС Руслан Габдуллин изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, олимон дар ин бора назари муштарак надоранд. Шарҳи эҳтимолӣ метавонад масофаи байни Замин ва Моҳ бошад, илова намуд ӯ.
"Вақте ки Моҳ дар қисмати поинтар қарор мегирад, қувваи ҷозибаи он пурзӯр мегардад. Он на танҳо ба гидросфера — пастшавӣ ва ҷараёни об, балки ба астеносфера ҳам таъсир мерасонад, ки дар он қонунҳои физикаи муҳити моеъ амал мекунанд", - гуфт ӯ.
Ҳамин тариқ, наздикшавӣ 13 январ буд, он вақт масофаи байни сайёраи мо ва моҳвораи он 362266,6 километр буд. Авҷ, вақти аз Замин то ҳадди имкон дуртар рафтани Моҳ 29 январ, баъд масофаи байни ду ҷисми осмонӣ 405 778,4 километр хоҳад шуд, илова намуд Габдуллин.
Дар лаҳзаи хурдтарини масофаи байни онҳо қувваи кашиши Моҳ ҳамчун катализатор дар қабатҳои ҳаракаткунандаи тектоникӣ дар зери фишори доимии ҳамдигар баромад карда, ба ҳаракати онҳо шуруъ мекунад ва гуё дар ҳаракати он ба ин ё он қабати тектоники "ёрӣ" мерасонад.
Ин ҳаракатҳо дар навбати худ заминҷунбиҳоро ба вуҷуд меоранд, шарҳ дод олим.
Ба ақидаи ӯ, дар байни вақти ин ҳаракатҳо ва дар натиҷа зилзилаҳое, ки онҳо ба амал овардаанд ва ваҳти руз алоқаи якхела ва собитшуда вуҷуд надорад.
Шояд дар бардошти зеҳнӣ аз зилзила дар шабу рӯз тафовут вуҷуд дошта бошад, гуфт ӯ.
"Шабона барои одамоне, ки бе ҳаракат, дар истироҳат, хобидаанд он бештар намоён мешавад. Ҳангоми фаъолият ва ҳаракати одамон ларзишҳои суст эҳсос карда намешаванд", - шарҳ дод коршинос.
Фаромӯш накунед, ки дар уқёнусҳо ва минтақаҳои камаҳолии Замин зилзилаҳои зиёд ба амал меоянд, ки дар бораи ин ҳодисаҳо танҳо аз сейсмографҳо маълумот гирифтан мумкин аст, афзуд ӯ.
Ҳамаи ин маълумот ба марказҳои коркарди иттилоот ворид мешавад, ки харитаҳои онлайнии зилзилаҳоро нашр мекунанд.
Аз таҳлили онҳо маълум мешавад, ки заминчунбӣ дар миқёси Замин дар вақтҳои гуногуни рӯз ба амал меояд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 январ дар Қазоқистон заминларзаи шадид рух дод. Шиддати заминларза ба 6,7 балл расидааст, ки дар пайи харобиву 44 захмӣ барҷой гузошт.