https://sputnik.tj/20240919/tojikiston-korporatsiya-islomi-mablaghguzori-mahsulot-halol-1064384605.html
Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ маблағгузории маҳсулоти ҳалол дар ҷумҳуриро хост
Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ маблағгузории маҳсулоти ҳалол дар ҷумҳуриро хост
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ (ITFC) дархост кард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ маблағгузориро зиёд намояд
2024-09-19T09:36+0500
2024-09-19T09:36+0500
2024-09-19T12:30+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
ҳалол
маблағгузорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/12/1064384340_0:251:1013:821_1920x0_80_0_0_929bdc259c1b4344f1163196003f12e5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.Тавре дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордалӣ баррасӣ шуд.Вазири тоҷик ҳамчунин масъалаи маблағгузории нерӯгоҳҳои обию офтобиро ба миён гузошт.Таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ дониста шуд.Директори асосии амалиёти Корпоратсия ҷаноби Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.Вазорат қайд кардааст, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20240408/vazir-iqtisod-daromadi-tojikiston-1062379826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/12/1064384340_0:102:1013:862_1920x0_80_0_0_673f99c2584dd24f37e09d0ee89ad13a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон маҳсулот, ҳалол, иқтисод, маблағгузорӣ, дархост
тоҷикистон маҳсулот, ҳалол, иқтисод, маблағгузорӣ, дархост
Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ маблағгузории маҳсулоти ҳалол дар ҷумҳуриро хост
09:36 19.09.2024 (Навсозишуда: 12:30 19.09.2024) Мақомоти Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ (ITFC) дархост кард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ маблағгузориро зиёд намояд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Тавре дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордалӣ баррасӣ шуд.
Вазири тоҷик ҳамчунин масъалаи маблағгузории нерӯгоҳҳои обию офтобиро ба миён гузошт.
Таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ дониста шуд.
Директори асосии амалиёти Корпоратсия ҷаноби Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Вазорат қайд кардааст, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.