Пешниҳоди Краснов дар бораи назорати дороиҳои маҷозии мансабдорон дар ИДМ

CC BY 2.0 / BTC Keychain / BitcoinМонеты биткоин на микросхеме, архивное фото
Монеты биткоин на микросхеме, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2024
Обуна шудан
Додситони кулли Русия дар ҷаласаи Душанбе пешниҳод кард, ки барои ошкори даромадҳои мансабдорон як низоми электронӣ таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Игор Краснов додситони кулли Русия дар дар ҷаласаи ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод ба ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ дар бораи як низоме электроние гуфт, ки барои ошкор кардани даромадҳои ошкорнашудаи хизматчиёни давлатӣ кӯмак хоҳад кард.
Дар ҷараёни ҷаласа Игор Краснов аз сохторҳои дахлдори кишварҳои ИДМ даъват кард, таҷрибаи Русия дар ташкили як низоми иттилоотии ҳамкориҳои байниидоравӣ электрониро омӯзанд.
Ба гуфтаи вай, ин низом ба додситонҳо дастрасии шабонарӯзӣ ба беш аз 100 намуди махзани маълумотҳои давлатиро фароҳам меорад, ба онҳо имкон медиҳад, ки қариб ҳама гуна маълумотро дар бораи афроди тафтишшаванда бидуни тарки идораи худ дастрас намояд. Аз ҷумла маълумот дар бораи суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, даромади гирифташуда, амволи ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дастрасӣ мегардад
Генеральный прокурор Российской Федерации Игорь Краснов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2024
Додситони кулли Русия гуфт бо фасодкорон бояд чӣ гуна рафтор кард
Вай дар ин ҷаласа як мисол овард, ки бо истифода аз ин манобеъ маълум шуд як мансабдори Русия, пулҳои рақамиашро ба маблағи 28 миллион рубл пинҳон кардааст. Ин система инчунин ошкор кард, ки ӯ амволи ғайриманқулро бо даромади тасдиқнашуда харидааст.
Тибқи даъвои додситонӣ, додгоҳ тамоми дороиҳои эълоннашудаи мансабдорро ба маблағи қариб 60 миллион рубл ба давлат баргардонд.
Краснов таъкид кард, ки ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар ин масъала имкони хуб барои табодули таҷриба ва густариши истифодаи усулҳои муассиртарин ва пешрафтаи мубориза алайҳи механизмҳои коррупсия дар Иттиҳод мебошад.
Лентаи хабарҳо
0