Додситони кулли Русия гуфт бо фасодкорон бояд чӣ гуна рафтор кард

© SputnikГенеральный прокурор Российской Федерации Игорь Краснов
Генеральный прокурор Российской Федерации Игорь Краснов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2024
Обуна шудан
Додситони кулли Русия бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Дар пойтахти Тоҷикистон ӯ бо ҳамтоёни хориҷиаш масъалаи мубориза бо коррупсияро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Додситони кулли Русия Игор Краснов барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасоди молӣ бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд.
Додситони кулли Русия дар ҷаласаи ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод, ба ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ пешниҳод кард, ки мансабдорони фасодкорро ба “лавҳаи шармандаҳо” ҷой диҳанд.
Додситонии кулли Русия Игор Краснов аз таҷрибаи худ дар мавриди барканории шахсони мансабдоре, ки гӯиё бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд, аммо дар асл ин мансабдорон ба далели қонуншиканиҳои коррупсионӣ аз кор хориҷ шудаанд, нақл кард.
"Ин, албатта, барои мансабдорон оқибатҳои манфиро ба бор меорад, зеро дар ҳуҷҷатҳои меҳнатии онҳо сабт пайдо мешавад - "бо сабаби аз даст додани эътимод аз кор озод карда шуд" дар натиҷа, онҳо ба феҳристи дахлдори давлатӣ дохил карда мешаванд", - шарҳ дод ӯ ба ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ дар ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод дар пойтахти Тоҷикистон.
Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Раиси Хадамоти гумрук ҷой доштани коррупсия дар ниҳоди тобеяшро эътироф кард
Краснов қайд кард, ки танҳо дар нимсолаи якуми соли равон ба судҳои Русия зиёда аз сад ариза равон шудааст.
“Зиёда аз нисфи он аллакай дида баромада, каноатманд карда шудаанд”,- гуфт Краснов.
Ба гуфтаи вай, истифодаи чунин механизмҳо дар Русия нав нест. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри 19 император Александр II, ки асосгузори системаи назорати вазъи молу мулкии хизматчиёни давлатӣ гардид, китобҳои идоравии рутбаҳои гражданиро ҷорӣ намуд. Дар онҳо маълумот дар бораи ҷазоҳои эълоншуда, инчунин дигар маълумоте, ки вазъи молиявии шахсонеро, ки вазифаҳои дахлдорро ишғол мекунанд, тавсиф мекунанд.
Додситони кулли Русия ҳамчунин қайд кард, ки чунин феҳрист дар ИДМ метавонад монеаи изофӣ эҷод кунад то шахсоне, ки дорои сифатҳои ахлоқӣ ва корӣ нестанд, ба хидмати давлатӣ ҷалб нашаванд.
Вай аз таҷрибаи мусбати муборизаи муштарак бо фасод дар сатҳи байнулмилалӣ миёни Русия ва Беларус ёдовар шуд, ки мақомоти Русияро дар бораи додани ришва аз ҷониби соҳибкорони рус ба мақомоти Беларус огоҳ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0