Супориши вазир барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон

© Sputnik / Александр ПаниотовНоворожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото
Новорожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2024
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, супориши дод
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир кард.
Дар ин ҷаласа сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор таваллудхонаҳо ва марказҳои саломатии мамлакат иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии захмиёни садамаи нақлиётии ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2024
Садамаи маргбор дар Хуросон: Вазири тандурустӣ шахсан ба дидори захмиён рафт
Вазир дар ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Абдуллозода аз масъулин даъват кард, ки дар ин самт фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0