https://sputnik.tj/20240820/sadamai-margbor-khuroson-vazir-tandurust-didori-zakhmiyon-1064010678.html
Садамаи маргбор дар Хуросон: Вазири тандурустӣ шахсан ба дидори захмиён рафт
Садамаи маргбор дар Хуросон: Вазири тандурустӣ шахсан ба дидори захмиён рафт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар садамаи рӯзи якшанбе, 18-уми август, дар ноҳияи Хуросон 12 кас маҷруҳ шуда, вазъи се нафари онҳо “вазнин” аст
2024-08-20T13:11+0500
2024-08-20T13:11+0500
2024-08-20T13:37+0500
дар тоҷикистон
хуросон
садамаи нақлиётӣ
захмӣ
вазир
тандурустӣ
ҷамолиддин абдуллозода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/14/1064010511_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_c9e6d36d79738a6cf649e967e006d062.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи нақлиётӣ осеб дидаву дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ шудаанд, шинос шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ хабар додааст.Дар ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо натиҷаҳои ташхис ва ҷараёни табобати захмишудагони садамаи нақлиётӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати ҳарчи зудтар шифо ёфтани беморон дастуру тавсияҳои муфид дод.Инчунин вазир бо наздикону пайвандони захмишудагон сӯҳбати озод анҷом дод.Ин дар ҳолест, ки чанде пеш муовини вазири тандурустии кишвар низ аз вазъи саломатии захмишудагон дар ин садамаи нақлиётӣ хабар гирифта буд.Ғафур Муҳсинзода дар гуфтугӯ бо наздикону пайвандони онҳо ваъда дод, ки Вазорати тандурустӣ барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, дар ин садамаи нақлиётӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаву 11 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Хуросон бистарӣ шудаанд ва 1 нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Тибқи маълумоти сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон айни ҳол вазъи сиҳатии 3 нафари ҷароҳатбардоштагон вазнин, 6 нафар дар ҳолати муътадил буда, 2 нафари онҳо дар ҳолати хуб аз беморхона рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.Вазорат қайд кардааст, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор дошта, барои ташхису табобати беморони ҷароҳатбардошта, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд.Ёдовар мешавем, ки ахиран тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сурат гирифт. Сабаби садама маълум нест.Тибқи иттилои расонаҳо як мошини боркаши "Дулан" дар ноҳияи Хуросон ба чанд худрав бархӯрд. Мошини боркаш дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ як мошинро зада, сипас ба чанд мошини дигар бархӯрд.
https://sputnik.tj/20240815/halokati-zaur-dakhte-navorbardor-sinamo-akkos-maruf-sadamai-naqliyoti-1063963599.html
хуросон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/14/1064010511_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_3bf5b9485a7da7bf112271dc5812ca53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, вазир, замиён, садамаи нақлиётӣ, хуросон
тоҷикистон, тандурустӣ, вазир, замиён, садамаи нақлиётӣ, хуросон
Садамаи маргбор дар Хуросон: Вазири тандурустӣ шахсан ба дидори захмиён рафт
13:11 20.08.2024 (Навсозишуда: 13:37 20.08.2024) Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар садамаи рӯзи якшанбе, 18-уми август, дар ноҳияи Хуросон 12 кас маҷруҳ шуда, вазъи се нафари онҳо “вазнин” аст
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи нақлиётӣ осеб дидаву дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ шудаанд, шинос шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ хабар додааст.
Дар ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо натиҷаҳои ташхис ва ҷараёни табобати захмишудагони садамаи нақлиётӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати ҳарчи зудтар шифо ёфтани беморон дастуру тавсияҳои муфид дод.
Инчунин вазир бо наздикону пайвандони захмишудагон сӯҳбати озод анҷом дод.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш муовини вазири тандурустии кишвар низ аз вазъи саломатии захмишудагон дар ин садамаи нақлиётӣ хабар гирифта буд.
Ғафур Муҳсинзода дар гуфтугӯ бо наздикону пайвандони онҳо ваъда дод, ки Вазорати тандурустӣ барои табобати захмишудагон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.
Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, дар ин садамаи нақлиётӣ 12 нафар маҷрӯҳ шудаву 11 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Хуросон бистарӣ шудаанд ва 1 нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон айни ҳол вазъи сиҳатии 3 нафари ҷароҳатбардоштагон вазнин, 6 нафар дар ҳолати муътадил буда, 2 нафари онҳо дар ҳолати хуб аз беморхона рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.
Вазорат қайд кардааст, ки табобати захмишудагон пурра ройгон ба роҳ монда шуда, рафти табобати онҳо зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор дошта, барои ташхису табобати беморони ҷароҳатбардошта, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сурат гирифт. Сабаби садама маълум нест.
Тибқи иттилои расонаҳо як мошини боркаши "Дулан" дар ноҳияи Хуросон ба чанд худрав бархӯрд. Мошини боркаш дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ як мошинро зада, сипас ба чанд мошини дигар бархӯрд.