Василев: СПАД бо Афғонистон девор намесозад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрезентация доклада Аналитической ассоциации ОДКБ
Презентация доклада Аналитической ассоциации ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2024
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар СПАД ахиран таъкид кард, ки ҳадафи кишварҳои узви СПАД ҳамкорӣ бо Кобул аст на бунёди деворҳо
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Намояндаи доимии Русия дар СПАД Виктор Василев дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ҳамаи кишварҳои узви СПАД аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷонибдорӣ мекунанд, вале намехоҳанд бо Кобул девор бисозанд.
Вай гуфт, ки бо ҳукумати Кобул бояд музокирот кард.
"Тасмими (таҳкими марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон) аз ҷониби тамоми кишварҳои узви СПАД дастгирӣ ёфт. Тавре гуфтам, Арманистон дар ин бора мавқеъи хоси худро дорад. Ин кишвар мухолифи қабули ин барнома нест, вале онро то ҳол имзо накардааст, бинобар ин дар ин марҳила дар татбиқи он ширкат намекунад", - гуфт Васильев.
Вай афзуд, ки ҳар як давлат вобаста ба эҳтиёҷот ва имконоти худ тасмим хоҳад гирифт, ки чӣ гуна метавонанд кӯмак намоянд – бо мутахассисон, таҷҳизот, ё омӯзиш.
Намояндаи доимии Русия ҳамчунин ёдовар шуд, ки тасмими аввалин дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳанӯз соли 2013 гирифта шуда буд.
Таджикистан-Афганистан граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2024
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кишварҳои СПАД аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ карданд
"Барнома аз се марҳила иборат аст. Дар нусхаи аслӣ ин барнома барои 5 сол пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи аввал мушаххастар дар назар аст. Аз як тараф, ҷониби Тоҷикистон бояд барои таҳкими бахшҳои мушаххас пешниҳодҳо ироа кунад ва аз тарафи дигар, давлатхое, ки дар иҷрои ин барнома иштирок мекунанд. Мо бояд воситаҳоеро, ки барои таъмини ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, муайян кунем. Ин кор тақрибан як сол давом хоҳад кард, баъд марҳилаҳои дуюм ва сеюм дар давоми панҷ сол пешбинӣ шудаанд, ки тадбирҳои мушаххас дар бораи беҳтар кардани марз қабул карда мешаванд", - гуфт Василев.
Дар ҳамин ҳол, вай илова кард, ки кишварҳои узви СПАД дар ҳамкорӣ бо Кобул ҳадафи бунёди деворро надоранд.
"Мо набояд миёни кишварҳои узви СПАД ва Афғонистон як девор бунёд кунем. Бояд гуфтугӯ бошад, ки ҷониби Русия ва дигар шариконаш барои он талош доранд ба ҳамин хотир ба хотири пешгирӣ аз ташдиди вазъ дар сарҳад бо мақомоти феълии Афғонистон музокира дорем”, - хулоса кард Василев.
Лентаи хабарҳо
0