https://sputnik.tj/20240918/farbehii-faqirona-khatare-digar-tojikiston-1064380298.html
"Фарбеҳии фақирона" ё хатаре дигар ба Тоҷикистон
"Фарбеҳии фақирона" ё хатаре дигар ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз хатари фарбеҳӣ дар миёни мардуми кишвар мегӯяд
2024-09-18T17:01+0500
2024-09-18T17:01+0500
2024-09-18T21:01+0500
дар тоҷикистон
хатар
фарбеҳӣ
тандурустӣ
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/12/1064377775_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7845959f05162e43ebd8a77aea2d7496.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сент – Sputnik. Ин ниҳод аз мардум мехоҳад, ки мувозиби хӯрдану нӯшидану вазни хеш бошанд.Бино ба иттилое, ки аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” – и марбути ин вазорат ба Sputnik Тоҷикистон расид, фарбеҳӣ ё вазни иловагӣ як бемории ғайрисироятӣ аст, ки тайи солҳои ахир дар баробари бемориҳои сироятӣ пайдо шудааст.Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 17%-и аҳолии кишвар вазни зиёди бадан дошта, 11.3%-и онҳо аз фарбеҳӣ ранҷу азият мекашанд.Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки фарбеҳиро як эпидемияи глобалӣ баррасӣ ва арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ дар мақоми 128 ҷой гирифтааст.“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” сабабҳои фарбеҳиро пурхӯрӣ ё аз ҳад зиёд истеъмол кардани ғизо, камҳаракатӣ, доштани одатҳои номатлуб, назири тамокукашӣ, нӯшидани машруботи спиртӣ ва ирсӣ ба ин далел ки агар падару модар бемории фарбеҳӣ дошта бошанд, фарзанди онҳо низ метавонад гирифтор шавад, унвон мекунад.“Нишонаҳои беморӣ аз меъёр зиёд доштани вазн, паст шудани ҳаракати ҷисмонӣ ва мондашавии барзиёд буда, аз авоқиби он фишорбаландӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, диабети қанд, бемориҳои саратони узвҳои ҳозима - меъда, рӯда ва ҷигар, безурётӣ ва аз эътидол хориҷ шудани ҳолати руҳӣ ё депрессия аст”, - мегӯяд манбаъ.Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон бар инанд, ки сабаби афзойиши фарбеҳӣ дар Тоҷикистон, ки фақиртарини кишварҳои ИДМ ба шумор меояд, қабл аз ҳама беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагӣ аст.Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон мизони фақр аз 83 дарсад дар соли 1999 ба 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфтааст ва ҳукумати кишвар ин вазифаро пеши худ гузоштааст, ки то ҳафт соли оянда сатҳи фақрро ба 10 дарсад коҳиш диҳад.Ғизои ғайримеъёрӣДар ҳамин ҳол, коршиносони дигар бар ин назаранд, ки афзойиши фарбеҳӣ қабл аз ҳама ба кайфияти пасти ғизо дар кишвар бастагӣ дорад.Сабриддин Тағоев, коршинос дар соҳаи хӯрокворӣ, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ тамоми намуди хӯрока, шуруъ аз орд, ки дар Тоҷикистон зиёд истеъмол мешавад, то равғану шарбату шакар таҳти назорати шадиди хадамоти масъули стандарт ё меъёрҳо қарор доштанд, аз ин хотир, зиёни онҳо ба инсон ҳадди аксар буд.“Ҳол ба хотири баланд бардоштани ҳосил деҳқонон аз поруҳои минералии мухталиф, тавлидгарон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ барои марғубу бомазза кардани тавлидоти худ аз организмҳои изофашудаи генетикӣ (ГМО) ва дигар маҳсулотии кимиёӣ, аз равғани нахл (палма) дар маҳсулоти ширӣ ва ҳар ҷо имкон дорад, фаровон истифода мекунанд. Зоҳиран, меъёр ин аст, ки маҳсулот кушанда набошад кофист, муҳим нест, ки меъёрӣ мебошад, ё не”, - гуфт коршинос.Агар аз даричаи ин мантиқ бингарем, фарбеҳӣ дар дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ низ мушоҳида мешавад. Масалан, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Русия 60% - и аҳолӣ зиёдатии вазн доранд ва 20% - и онҳо аз фарбеҳӣ азият мекашанд.Ё бино ба иттилои ин созмон, ҳоло шохис катла ё массаи бадан дар Ӯзбекистон 26.5 килограм дар ҳар метр мураббаъ, баландтарин нишондод дар Осиёи Марказӣ аст. Бино ба пешгӯиҳои ин созмон, то соли 2030 ҳиссаи бузургсолони ин кишвар дар фарбеҳӣ ба 59% ва то 2060 ба 80% хоҳад расид, ки 21 миллиард доллар ё 4,4% - и Маҷмаи маҳсулоти холис (ММД) ҳазина хоҳад дошт.Барои қиёс дар Амрико сатҳи фарбеҳӣ миёни калонсолон баландтарин - 70% аст. Камтарин сатҳи фарбеҳиро Ҳинд (3,9 %) ва Ҷопон (4,3 %) доранд, ки яке намунаи фақр ва дигарӣ, сатҳи баланди фарҳангу тафаккури истеъмоли ғизо аст.Чӣ бояд кард?Ҳарчанд вазъи Тоҷикистон дар ин баррасиҳо чандон хатарнок ба назар намерасад, аммо он чӣ дида мешавад, раванди суудии афзойиши фарбеҳшавӣ аст, ки то се соли пеш дар кишвар 15% - ро ташкил мекард.Ба ҳамин хотир, ҳукумати Тоҷикистон як барномаи хосеро барои мубориза бо ин эпидемия рӯи даст гирифта буд, ки “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва тарғиби ғизои солим барои солҳои 2019-2024” унвон дорад.“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” бар ин аст, ки қабл аз ҳама тагйир додани тафаккури аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба саломатии худ амре муҳим аст.“Риояи режими хӯрок, яъне дар як рӯз 5-6 бор бо меъёри кам, кам истеъмол кардани маҳсулоти нонӣ ва бештар рӯ овардан ба орди навъи 2 ва 3, истеъмоли бештари сабзавотҳо, меваҳо ва кабудиҳо, даст кашидан аз меваю сабзавотҳое, ки ширинии зиёд аст, худдорӣ намудан аз истеъмоли хӯрокҳои серрравғану бирён, истифодаи зиёди намак, таъмдиҳандаҳо дар ғизо, ғизоҳои тезтайёр ва нӯшокиҳои ширини газнок ва ҳар чӣ ба саломати инсон фоида дорад, аз шартҳои зиндагии солим аст”, - мегӯяд манбаъ.Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки тасаллут пайдо кардан бар тафаккури мардум ва мутаваҷҷеҳ кардани онҳо ба масоиле, аз қабили тарзи зиндагии солим тариқи талош ё барномаҳои расмӣ як амри сад дар сад таъсиргузор нест, магар ин ки тариқи телевизиону расонаҳо ва реклому овезаҳо барномаи таъсиррасонӣ сурат гирад, ки он ҳам натиҷаи мавриди интизорро нахоҳад дошт.Аз ин хотир, раванди фарбеҳшавиро қабл аз ҳама тариқи ғизои солим метавон аз рушд нигоҳ дошт ва онро коҳиш дод, аммо барои ин як кишвар бояд иқтисоди хеле қавӣ дошта бошад, ки мардумаш қудрат харидории ғизои гаронқимат, вале солимро дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20230207/afzoish-bemoroni-farbehi-navrason-kudakon-sugd-1054736384.html
https://sputnik.tj/20240402/maqomoti-tojik-roh-peshgirii-farbehshavi-1062300746.html
https://sputnik.tj/20230620/nigaroni-rahmon-afzoish-giriftoron-bemori-qand-tojikiston-1057812572.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/12/1064377775_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_5f57a5e6ced9513933e463b422908722.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фарбеҳӣ, фақирӣ, хатар, тандурусӣ, вазорат
тоҷикистон, фарбеҳӣ, фақирӣ, хатар, тандурусӣ, вазорат
"Фарбеҳии фақирона" ё хатаре дигар ба Тоҷикистон
17:01 18.09.2024 (Навсозишуда: 21:01 18.09.2024) Эксклюзив
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз хатари фарбеҳӣ дар миёни мардуми кишвар мегӯяд
ДУШАНБЕ, 17 сент – Sputnik. Ин ниҳод аз мардум мехоҳад, ки мувозиби хӯрдану нӯшидану вазни хеш бошанд.
Бино ба иттилое, ки аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” – и марбути ин вазорат ба Sputnik Тоҷикистон расид, фарбеҳӣ ё вазни иловагӣ як бемории ғайрисироятӣ аст, ки тайи солҳои ахир дар баробари бемориҳои сироятӣ пайдо шудааст.
“Ин маризӣ тибби ҷаҳон, ҷомеаи бедорфикри ҷаҳонро сахт ба изтироб овардааст. Фарбеҳӣ ба Тоҷикистон ва сокинони он низ таҳдид мекунад”, - мегӯяд манбаъ.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 17%-и аҳолии кишвар вазни зиёди бадан дошта, 11.3%-и онҳо аз фарбеҳӣ ранҷу азият мекашанд.
Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки фарбеҳиро як эпидемияи глобалӣ баррасӣ ва арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ дар мақоми 128 ҷой гирифтааст.
“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” сабабҳои фарбеҳиро пурхӯрӣ ё аз ҳад зиёд истеъмол кардани ғизо, камҳаракатӣ, доштани одатҳои номатлуб, назири тамокукашӣ, нӯшидани машруботи спиртӣ ва ирсӣ ба ин далел ки агар падару модар бемории фарбеҳӣ дошта бошанд, фарзанди онҳо низ метавонад гирифтор шавад, унвон мекунад.
“Нишонаҳои беморӣ аз меъёр зиёд доштани вазн, паст шудани ҳаракати ҷисмонӣ ва мондашавии барзиёд буда, аз авоқиби он фишорбаландӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, диабети қанд, бемориҳои саратони узвҳои ҳозима - меъда, рӯда ва ҷигар, безурётӣ ва аз эътидол хориҷ шудани ҳолати руҳӣ ё депрессия аст”, - мегӯяд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон бар инанд, ки сабаби афзойиши фарбеҳӣ дар Тоҷикистон, ки фақиртарини кишварҳои ИДМ ба шумор меояд, қабл аз ҳама беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагӣ аст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон мизони фақр аз 83 дарсад дар соли 1999 ба 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфтааст ва ҳукумати кишвар ин вазифаро пеши худ гузоштааст, ки то ҳафт соли оянда сатҳи фақрро ба 10 дарсад коҳиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони дигар бар ин назаранд, ки афзойиши фарбеҳӣ қабл аз ҳама ба кайфияти пасти ғизо дар кишвар бастагӣ дорад.
Сабриддин Тағоев, коршинос дар соҳаи хӯрокворӣ, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ тамоми намуди хӯрока, шуруъ аз орд, ки дар Тоҷикистон зиёд истеъмол мешавад, то равғану шарбату шакар таҳти назорати шадиди хадамоти масъули стандарт ё меъёрҳо қарор доштанд, аз ин хотир, зиёни онҳо ба инсон ҳадди аксар буд.
“Ҳол ба хотири баланд бардоштани ҳосил деҳқонон аз поруҳои минералии мухталиф, тавлидгарон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ барои марғубу бомазза кардани тавлидоти худ аз организмҳои изофашудаи генетикӣ (ГМО) ва дигар маҳсулотии кимиёӣ, аз равғани нахл (палма) дар маҳсулоти ширӣ ва ҳар ҷо имкон дорад, фаровон истифода мекунанд. Зоҳиран, меъёр ин аст, ки маҳсулот кушанда набошад кофист, муҳим нест, ки меъёрӣ мебошад, ё не”, - гуфт коршинос.
Агар аз даричаи ин мантиқ бингарем, фарбеҳӣ дар дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ низ мушоҳида мешавад. Масалан, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Русия 60% - и аҳолӣ зиёдатии вазн доранд ва 20% - и онҳо аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
Ё бино ба иттилои ин созмон, ҳоло шохис катла ё массаи бадан дар Ӯзбекистон 26.5 килограм дар ҳар метр мураббаъ, баландтарин нишондод дар Осиёи Марказӣ аст. Бино ба пешгӯиҳои ин созмон, то соли 2030 ҳиссаи бузургсолони ин кишвар дар фарбеҳӣ ба 59% ва то 2060 ба 80% хоҳад расид, ки 21 миллиард доллар ё 4,4% - и Маҷмаи маҳсулоти холис (ММД) ҳазина хоҳад дошт.
Барои қиёс дар Амрико сатҳи фарбеҳӣ миёни калонсолон баландтарин - 70% аст. Камтарин сатҳи фарбеҳиро Ҳинд (3,9 %) ва Ҷопон (4,3 %) доранд, ки яке намунаи фақр ва дигарӣ, сатҳи баланди фарҳангу тафаккури истеъмоли ғизо аст.
Ҳарчанд вазъи Тоҷикистон дар ин баррасиҳо чандон хатарнок ба назар намерасад, аммо он чӣ дида мешавад, раванди суудии афзойиши фарбеҳшавӣ аст, ки то се соли пеш дар кишвар 15% - ро ташкил мекард.
Ба ҳамин хотир, ҳукумати Тоҷикистон як барномаи хосеро барои мубориза бо ин эпидемия рӯи даст гирифта буд, ки “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва тарғиби ғизои солим барои солҳои 2019-2024” унвон дорад.
“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” бар ин аст, ки қабл аз ҳама тагйир додани тафаккури аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба саломатии худ амре муҳим аст.
“Риояи режими хӯрок, яъне дар як рӯз 5-6 бор бо меъёри кам, кам истеъмол кардани маҳсулоти нонӣ ва бештар рӯ овардан ба орди навъи 2 ва 3, истеъмоли бештари сабзавотҳо, меваҳо ва кабудиҳо, даст кашидан аз меваю сабзавотҳое, ки ширинии зиёд аст, худдорӣ намудан аз истеъмоли хӯрокҳои серрравғану бирён, истифодаи зиёди намак, таъмдиҳандаҳо дар ғизо, ғизоҳои тезтайёр ва нӯшокиҳои ширини газнок ва ҳар чӣ ба саломати инсон фоида дорад, аз шартҳои зиндагии солим аст”, - мегӯяд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки тасаллут пайдо кардан бар тафаккури мардум ва мутаваҷҷеҳ кардани онҳо ба масоиле, аз қабили тарзи зиндагии солим тариқи талош ё барномаҳои расмӣ як амри сад дар сад таъсиргузор нест, магар ин ки тариқи телевизиону расонаҳо ва реклому овезаҳо барномаи таъсиррасонӣ сурат гирад, ки он ҳам натиҷаи мавриди интизорро нахоҳад дошт.
Аз ин хотир, раванди фарбеҳшавиро қабл аз ҳама тариқи ғизои солим метавон аз рушд нигоҳ дошт ва онро коҳиш дод, аммо барои ин як кишвар бояд иқтисоди хеле қавӣ дошта бошад, ки мардумаш қудрат харидории ғизои гаронқимат, вале солимро дошта бошанд.