https://sputnik.tj/20240917/zohidi-sohibkoroni-eronro-tojikiston-davat-kard-1064361036.html
Зоҳидӣ соҳибкорони эрониро ба Тоҷикистон даъват кард
Зоҳидӣ соҳибкорони эрониро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири тоҷикистон дар Теҳрон доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват кард
2024-09-17T13:19+0500
2024-09-17T13:19+0500
2024-09-17T14:31+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
сафир
соҳибкор
низомиддин зоҳидӣ
сиёсат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064360773_0:104:1000:667_1920x0_80_0_0_cae10c01d4aa87513e181d5451379891.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ Муҳаммадризо Таваккулизода мулоқот намуд.Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сарягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир карданд.Дар ин мулоқот барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.Ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Машҳад бо роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбарияти Утоқи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ва аъзои Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар вохӯрӣ анҷом дод.Зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуданд.Дар фарҷоми суҳбат Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарияти Утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.Ҳамчунин ахиран сафири Тоҷикистон дар Эрон бо устондор (раиси вилоят)-и Хуросони Разавӣ Яъқубалӣ Назарӣ вохӯрӣ намуд.Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории байниминтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангиву илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
https://sputnik.tj/20240908/pizishkiyon-rahmon-tojikiston-avlaviyat-siyosat-khoriji-eron-1064242222.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064360773_43:0:932:667_1920x0_80_0_0_ebadd4110424d0ce3713913ae199db1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, даъват, соҳибкорон, намоишгоҳ, сармоягузорӣ, сафир, низмиддин зоҳидӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, даъват, соҳибкорон, намоишгоҳ, сармоягузорӣ, сафир, низмиддин зоҳидӣ
Зоҳидӣ соҳибкорони эрониро ба Тоҷикистон даъват кард
13:19 17.09.2024 (Навсозишуда: 14:31 17.09.2024) Сафири тоҷикистон дар Теҳрон доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ Муҳаммадризо Таваккулизода мулоқот намуд.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сарягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир карданд.
Дар ин мулоқот барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Машҳад бо роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбарияти Утоқи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ва аъзои Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми суҳбат Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарияти Утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
Ҳамчунин ахиран сафири Тоҷикистон дар Эрон бо устондор (раиси вилоят)-и Хуросони Разавӣ Яъқубалӣ Назарӣ вохӯрӣ намуд.
Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории байниминтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангиву илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.