https://sputnik.tj/20240917/taboduli-peshnihodho-marz-miyoni-tojikistonu-qirghiziston-1064367884.html
Табодули пешниҳодҳо дар бораи марз миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон
Табодули пешниҳодҳо дар бораи марз миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳҳои кории ду кишвар аз 11 то 17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баррасӣ намуданд
2024-09-17T17:08+0500
2024-09-17T17:08+0500
2024-09-17T17:08+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
аломатгузорӣ
мулоқот
сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064367092_271:282:3410:2048_1920x0_80_0_0_268625eb88f197da765938afa5be7b39.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар шаҳри Ботканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбъа, аз 11 то 17 сентябри соли равон, дар шаҳри Бодканди вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.Ёдовар мешавем, ки ҷонибҳо аломатгузории 6% боқимондаи марзро баррасӣ намоянд.Зикр гардидааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Қаблан Раҷаббой Аҳмадоза, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ мақомоти ду кишвари ҳамсоя 94% заминҳои баҳсбарангезро ба мувофиқа расонидаанд.Ҷонибҳо дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира доранд.Кумиссиюни ду кишвар аз мавзеъҳои баҳсбарангези Чоркуҳ ва Ворух дидан карда, ҳоло рӯи асноди аломатгузории марз кор мекунанд."Пас аз имзои онҳо сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз хоҳад шуд", - гуфт Аҳмадзода.Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.
https://sputnik.tj/20240527/rahmon-tojikiston-mukolama-hamkori-qirghiziston-manfiatdor-1062990108.html
https://sputnik.tj/20231205/tojikiston-qirghiziston-taqsim-marz-muvofiqa-1060729479.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064367092_760:316:3069:2048_1920x0_80_0_0_b19eee558f32dda80ab32c23de015fe6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, баррасӣ, бодканд, делимитатсия ва демаркатсияи, сарҳад
тоҷикистон, қирғизистон, марз, баррасӣ, бодканд, делимитатсия ва демаркатсияи, сарҳад
Табодули пешниҳодҳо дар бораи марз миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон
Гурӯҳҳои кории ду кишвар аз 11 то 17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар шаҳри Ботканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбъа, аз 11 то 17 сентябри соли равон, дар шаҳри Бодканди вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷонибҳо аломатгузории 6% боқимондаи марзро баррасӣ намоянд.
Зикр гардидааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Қаблан Раҷаббой Аҳмадоза, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ мақомоти ду кишвари ҳамсоя 94% заминҳои баҳсбарангезро ба мувофиқа расонидаанд.
Ҷонибҳо дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон музокира доранд.
Кумиссиюни ду кишвар аз мавзеъҳои баҳсбарангези Чоркуҳ ва Ворух дидан карда, ҳоло рӯи асноди аломатгузории марз кор мекунанд.
"Пас аз имзои онҳо сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз хоҳад шуд", - гуфт Аҳмадзода.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.