Русия дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби дигар месозад

© Foto / Русский дом в ТаджикистанеРоссийско-таджикская школа им.А.Чехова в Худжанде
Российско-таджикская школа им.А.Чехова в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2024
Обуна шудан
Русия ва Тоҷикистон сохтмони боз панҷ мактаби дигари русӣ-тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 16 сент – Sputnik. Онҳо ба дунболи панҷ мактабе сохта хоҳанд шуд, ки соли 2022 дар панҷ шаҳри бузурги Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, сохтмони ин мактабҳо ба идомаи ташаббуси мактабҳои ҷадиди русӣ – тоҷикӣ, ки соли 2022 ифтитоҳ гардиданд, сурат хоҳад гирифт.
“Қарор аст то соли хониши 2030 боз 5 мактаби дигар аз ҳисоби буҷаи Русия бунёд шавад, ки 5 ҳазор хонандаи дигарро бо таҳсил фаро хоҳанд гирифт”, - гуфт манбаъ.
Қаблан бо сармояи Русия панҷ мактаб дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода – сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло дар ин мактабҳо 5,7 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.
Ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 аз сӯи раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин – ифтитоҳ шуд. Русия барои сохтмони онҳо ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ ҳазина кардааст.
Кванториум – қаламравест, ки толибилмонро ба сӯи комёбиҳои технологӣ мебарад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2024
Кванториум – қаламравест, ки толибилмонро ба сӯи комёбиҳои технологӣ мебарад – видео
Тибқи иттилои расмӣ, ба ҷуз ин мактабҳо дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мебаранд ва дар 152 мактаби кишвар синфҳои русӣ мавҷуданд. Бар иловаи ин, соли равон дар як мактаби дигар - кӯҳантарин гимназияи № 1-и шаҳри Хуҷанд - ду синфи дигари русӣ барои 57 нафар хонанда ташкил шуд.
Қаблан сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли равон дар Душанбе сохтмони Маркази кӯдакони лаёқатманд шуруъ мешавад. Русия ният дорад дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон қаринаҳои “Сириус”, мактаби маъруфи фаъол дар шаҳри Сочии Русияро низ бунёд кунад. Ин марказҳо барои кашф, дастгирӣ ва рушди минбаъдаи хонандагони лаёқатманд дар соҳоти санъат, варзиш ё илмҳои дақиқ пешбинӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0