https://sputnik.tj/20240916/iddaoi-maqomoti-sugd-tasisi-korkhona-korgoh-sanoati-1064345553.html
Иддаои мақомоти Суғд аз таъсиси 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ аз аввали сол
Иддаои мақомоти Суғд аз таъсиси 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ аз аввали сол
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти мегӯяд барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар як силсила тадбирҳои судманд андешида шуданд
2024-09-16T15:54+0500
2024-09-16T15:54+0500
2024-09-16T15:54+0500
дар тоҷикистон
суғд
саноат
коргоҳ
таъсис
мақомот
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618031_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_edb4ff8dd72e76821d815ea2a1e10d8e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран дар як машварати корӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати вилоят барои барқарор кардани иқтидорҳои бозистода ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешидааст.Вай аз ҷумла қайд кард, ки аз оғози сол то имрӯз 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шуд.“Давоми моҳҳои январ-августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17,3 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои амалкунанда 1,9 млрд. сомонӣ зиёд аст”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо ба 112% баробар гардид ва тадбирҳои амалишуда имкон доданд, ки ба ҳолати 1 сентябри соли 2024 саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 56,4% баробар гардад.Ҳамзамон раиси вилояти Суғд қайд кард, ки дар соҳаи кишоварзӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар асоси маълумоти оморӣ ба маблағи 11,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.Вай илова кард, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 318,8 ҳазор тонна, сабзавот 363,6 ҳазор тонна, полезӣ 160,9 ҳазор тонна, мева 164,7 ҳазор тонна ва ангур 28,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20240910/idomai-safar-raisjumhur-sugd-rahmon-konibodom-inshoot-iftitoh-1064279809.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618031_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_96e1c85644cab41f4ce79f7942b25c9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, саноат, раҷаббой аҳмадзода, саноаткунонӣ, коргоҳ,
тоҷикистон, суғд, саноат, раҷаббой аҳмадзода, саноаткунонӣ, коргоҳ,
Иддаои мақомоти Суғд аз таъсиси 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ аз аввали сол
Мақомоти вилояти мегӯяд барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар як силсила тадбирҳои судманд андешида шуданд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран дар як машварати корӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати вилоят барои барқарор кардани иқтидорҳои бозистода ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешидааст.
Вай аз ҷумла қайд кард, ки аз оғози сол то имрӯз 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шуд.
“Давоми моҳҳои январ-августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17,3 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои амалкунанда 1,9 млрд. сомонӣ зиёд аст”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо ба 112% баробар гардид ва тадбирҳои амалишуда имкон доданд, ки ба ҳолати 1 сентябри соли 2024 саҳми вилояти Суғд дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 56,4% баробар гардад.
Ҳамзамон раиси вилояти Суғд қайд кард, ки дар соҳаи кишоварзӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар асоси маълумоти оморӣ ба маблағи 11,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Вай илова кард, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 318,8 ҳазор тонна, сабзавот 363,6 ҳазор тонна, полезӣ 160,9 ҳазор тонна, мева 164,7 ҳазор тонна ва ангур 28,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст.