Раҳмон аз ҷаҳон даъват кард, ки ба масъалаи норасоии об аҳамияти ҷиддӣ диҳанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2024
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон барон аст, ки дар ҳамкорӣ роҳбарони давлатҳо метавонанд ба раванди таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар ҷаҳон такони мусбат бахшанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони "Даъвати глобалии Саммити Оянда" аз ҳамаи сарони давлатҳои ҷаҳон даъват кард, ки дар “Саммити Оянда”-и дар пешистода иштирок намуда, дар тасмиму қарорҳое, ки қабул хоҳем кард, саҳми бевоситаи худро гузорад.
“Мо бояд ба хотири ҳалли мушкилоти рӯзафзуни замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавии бесобиқа, хушксолиҳои пай дар пай, афзоиши офатҳои табиӣ, коҳиши захираҳои об ва озуқа, инчунин, таъмини беҳдошт ва сиҳатии омма муттаҳид шавем”, - гуфт Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки норасоии об, бахусус, ба сатҳи некӯаҳволии миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон таҳдид карда, ҳамчун монеаи бунёдӣ дар роҳи рушди устувор боқӣ мемонад.
“Моро зарур аст, то ба ин масъала авлавият диҳем ва дар роҳи таъмини дастрасии одилона ба ин манбаи гаронбаҳо барои татбиқи ҳадафҳои созандаи аҳли башар талош варзем”, - афзуд кишвардори Тоҷикистон.
Вай аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо даъват кард, ки дар қабул ва татбиқи санади ниҳоии Саммити Оянда, яъне Даъвати глобалӣ барои амал саҳми муассир гузоранд.
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Раҳмон дар Лахш: Ифтитоҳи чанд иншооти муҳим дар ин минтақа
“Иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи мо дар таъмини ояндаи дурахшони инсоният нақши муҳим хоҳад бозид”, - зкир кард президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш.
Вай илова кард, ки дар ҳамкории муштарак ва ҳусни тафоҳум, мо метавонем ба раванди таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар саросари ҷаҳон такони мусбат бахшем.
Хотиррасон мешавем, ки “Саммити Оянда” рӯзҳои 22-23 сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0