https://sputnik.tj/20240914/nebenzya-nato-ijoza-siloh-durparvoz-kiev-rusiya-mustaqim-jang-1064330998.html
Небензя: НАТО бо иҷозаи силоҳҳои дурпарвоз ба Киев бо Русия мустақим вориди ҷанг мешавад
Небензя: НАТО бо иҷозаи силоҳҳои дурпарвоз ба Киев бо Русия мустақим вориди ҷанг мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи доимии Русия дар СММ ҳушдор дод, ки дар чунин ҳолат Русия маҷбур мешавад тасмими мувофиқ қабул кунад, ки оқибаташ барои таҷовузкорони ғарбӣ хоҳад буд
2024-09-14T13:56+0500
2024-09-14T13:56+0500
2024-09-14T13:56+0500
русия
нато
дар ҷаҳон
сиёсат
василий небензя
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032262607_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ef0e408053352a3259673827dcdb4947.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар сурате, ки ба Украина иҷозати истифодаи силоҳҳои дурпарвозро иҷоза диҳад, бо Русия муноқишаи мустақими низомиро оғоз мекунад. Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя хабар дод. "Чунин рушди эҳтимолии вазъ муносибатҳои моро бо лагери Ғарбӣ ба куллӣ тағйир медиҳад, агар қарор дар бораи лағви маҳдудиятҳо воқеан қабул шавад ё иҷоза шавад, ин маънои онро дорад, ки кишварҳои НАТО аз ҳоло ба ҷанги мустақим бо Русия шурӯъ мекунанд",- гуфт Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ гуфт . Вай диққати махсусро ба он ҷалб намуд, ки дар чунин сурат Русия маҷбур мешавад, ки қарори дахлдор қабул кунад, ки ин барои таҷовузкорон дар Ғарб оқибатҳо хохад дошт.Намояндаи доимии Федератсияи Русия афзуд, ки истифодаи чунин силоҳ танҳо дар сурати дастрасӣ ба маълумоти иктишофӣ аз моҳвораҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо имконпазир аст, аммо Киев чунин имконро надорад. Небензя инчунин бар ин назар аст, ки кишварҳои ғарбӣ "бо эҳтимолияти хеле баланд" аллакай тасмим гирифтаанд, ки Киев ба истифодаи силоҳи дурбурд барои зарбаҳои амиқ ба Русия иҷозат диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло талош доранд ӯро дар назари мардум қонунӣ кунанд.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки кишварҳои НАТО ҳоло на танҳо имкони истифодаи силоҳҳои дурпарвози Ғарбро аз ҷониби Киев баррасӣ мекунанд, дар асл онҳо тасмим мегиранд, ки дар муноқишаи Украина бевосита иштирок кунанд ё на.Вай афзуд, ширкати мустақими кишварҳои ғарбӣ дар муноқишаи Украина моҳияти онро тағйир медиҳад, Русия маҷбур мешавад, ки бар асоси таҳдидҳое, ки ба ин васила эҷод шудааст, тасмим бигирад.
https://sputnik.tj/20240913/bo-otash-bozi-dorem-nigaronii-ima-azhoroti-putin-nato-1064324759.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0d/1032262607_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4b432436563158ba64920f495721228e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
небензя нато силоҳ дурпарвоз киев русия ҷанг
небензя нато силоҳ дурпарвоз киев русия ҷанг
Небензя: НАТО бо иҷозаи силоҳҳои дурпарвоз ба Киев бо Русия мустақим вориди ҷанг мешавад
Намояндаи доимии Русия дар СММ ҳушдор дод, ки дар чунин ҳолат Русия маҷбур мешавад тасмими мувофиқ қабул кунад, ки оқибаташ барои таҷовузкорони ғарбӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар сурате, ки ба Украина иҷозати истифодаи силоҳҳои дурпарвозро иҷоза диҳад, бо Русия муноқишаи мустақими низомиро оғоз мекунад.
Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя хабар дод.
"Чунин рушди эҳтимолии вазъ муносибатҳои моро бо лагери Ғарбӣ ба куллӣ тағйир медиҳад, агар қарор дар бораи лағви маҳдудиятҳо воқеан қабул шавад ё иҷоза шавад, ин маънои онро дорад, ки кишварҳои НАТО аз ҳоло ба ҷанги мустақим бо Русия шурӯъ мекунанд",- гуфт Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ гуфт .
Вай диққати махсусро ба он ҷалб намуд, ки дар чунин сурат Русия маҷбур мешавад, ки қарори дахлдор қабул кунад, ки ин барои таҷовузкорон дар Ғарб оқибатҳо хохад дошт.
"Ҳамкорони ғарбии мо дигар наметавонанд аз масъулият канорагирӣ кунанд ва тамоми айбро ба дӯши Киев бор кунанд",- гуфт ӯ.
Намояндаи доимии Федератсияи Русия афзуд, ки истифодаи чунин силоҳ танҳо дар сурати дастрасӣ ба маълумоти иктишофӣ аз моҳвораҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо имконпазир аст, аммо Киев чунин имконро надорад.
Небензя инчунин бар ин назар аст, ки кишварҳои ғарбӣ "бо эҳтимолияти хеле баланд" аллакай тасмим гирифтаанд, ки Киев ба истифодаи силоҳи дурбурд барои зарбаҳои амиқ ба Русия иҷозат диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло талош доранд ӯро дар назари мардум қонунӣ кунанд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки кишварҳои НАТО ҳоло на танҳо имкони истифодаи силоҳҳои дурпарвози Ғарбро аз ҷониби Киев баррасӣ мекунанд, дар асл онҳо тасмим мегиранд, ки дар муноқишаи Украина бевосита иштирок кунанд ё на.
Вай афзуд, ширкати мустақими кишварҳои ғарбӣ дар муноқишаи Украина моҳияти онро тағйир медиҳад, Русия маҷбур мешавад, ки бар асоси таҳдидҳое, ки ба ин васила эҷод шудааст, тасмим бигирад.