Зокирзода: Мардумони Тоҷикистону Узбекистон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманданд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев в рамках программы визита в Таджикистан провел встречу с Председателем Маджлиси наояндагон Маджлиси Оли Махмадтоиром Зокирзода
Шавкат Мирзиёев в рамках программы визита в Таджикистан провел встречу с Председателем Маджлиси наояндагон Маджлиси Оли Махмадтоиром Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2024
Обуна шудан
Раисони парлумони Тоҷикистону Узбекистон масъалаи ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумониро бо мазмуни нав баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ахиран тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар дидори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Узбекистон Танзила Нарбоева баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ мулоқот дар ҳошияи Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, сурат гирифт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки натиҷаҳои дар минтақа бадастомада, бешубҳа, саъю кӯшиши Сарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкорӣ мебошанд.
Инчунин тарафҳо дар мулоқот масъалаи истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Грузовик на горной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Ҳамзамон дар вохӯрӣ дар бораи такмили заминаи ҳуқуқӣ дар самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва табодули таҷриба байни мақомоти намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, мардумони ду давлат аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0