https://sputnik.tj/20240913/zavqizoda-gardishi-savdoi-tojikiston-kishvarhoi-mintaqai-shsh-1064310912.html
Завқизода: 70% ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд
Завқизода: 70% ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуд
2024-09-13T10:46+0500
2024-09-13T10:46+0500
2024-09-13T15:43+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сҳш
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_24e111ce194283b00f0e1a953f7b8328.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ медонадВазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар шаҳри Исломободи Покистон зимни ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷии давлатҳои узви СҲШ таъкид кард, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.Вазири Тоҷик илова кард, ки ҳиссаи СҲШ қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27 фоизи ММД-и глобалиро ташкил намуда, минтақа дорои бозори бузург ва имкониятҳои васеъ мебошад.Вазири иқтисоди кишвар қайд кард, ки дар ин раванд Стратегияи рушди иқтисоди СҲШ барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон қабул карда шуд.Дар робита ба ин оқои Завқизода ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур пешниҳоди мушаххас вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергияи сабз, тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон манзур намуд.Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз карданд.
https://sputnik.tj/20240906/volvach-sanoatii-iiao-shsh-briks-hamkori-iqtisodiro-taqviyat-1064226759.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_8f39bb13e809ec88abba55537a0ade97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳш, вазири рушди иқтисод ва савдо, завқизода, иқтисод
тоҷикистон, сҳш, вазири рушди иқтисод ва савдо, завқизода, иқтисод
Завқизода: 70% ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд
10:46 13.09.2024 (Навсозишуда: 15:43 13.09.2024) Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ медонад
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар шаҳри Исломободи Покистон зимни ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷии давлатҳои узви СҲШ таъкид кард, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
“Дар натиҷа гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ давра ба давра тамоюли рушдро касб намуда, ҳамасола беш аз 70 дарсади ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд”, - гуфт ӯ.
Вазири Тоҷик илова кард, ки ҳиссаи СҲШ қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27 фоизи ММД-и глобалиро ташкил намуда, минтақа дорои бозори бузург ва имкониятҳои васеъ мебошад.
Вазири иқтисоди кишвар қайд кард, ки дар ин раванд Стратегияи рушди иқтисоди СҲШ барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон қабул карда шуд.
Дар робита ба ин оқои Завқизода ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур пешниҳоди мушаххас вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергияи сабз, тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон манзур намуд.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз карданд.