Дар кадом кишвари ИИАО музди меҳнат боло рафтаст?

© Sputnik / Владимир ТрефиловБанковские карты международных платежных систем
Банковские карты международных платежных систем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2024
Обуна шудан
Аз аввали моҳи январ то моҳи июни соли равон музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба таври назаррас боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз ҳама маош дар Белорус ва Русия зиёд шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Беларус (13%) ва Русия (9,4%) ба қайд гирифта шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Арманистон – 6,8%, дар Беларус – 19,4%, дар Қазоқистон – 11,5%, дар Қирғизистон – 10,6% ва дар Русия – 18,1% зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад.
Заместитель министра экономического развития РФ Дмитрий Вольвач - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Туркманистон ҳамкориҳои иқтисодиашро бо Русия ва ИИАО тақвият додааст
Тибқи фармон аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи ба андозаи 40% зиёд карда мешавад.
Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда гардид.
Лентаи хабарҳо
0