Кванториум он, ҷо ки парвоз осон аст

© Foto / Генконсульство России в г. ХоджентеОткрытие детского технопарка "Кванториум"
Открытие детского технопарка Кванториум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2024
Обуна шудан
Мактаби таҳсилоти миёнаи русӣ-тоҷикӣ ба номи Юрий Гагарин соҳиби кванториум ё парки технологӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Ба ҳамин минвол, эҷоди технопаркҳо дар панҷ мактаби ҷадиде, ки соли гузашта Русия дар Тоҷикистон сохт, такмил шуд.
Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи кванториум ширкат дошт, онро ба масобаи қаламрав омӯзиш ва маънӣ унвон карда, гуфт, ҳатто дар Русия чунин паркҳо кам ҳастанд ва дар як вилояти бузурги он, ки садҳо мактаб дорад, фақат 5-6 кванториум вуҷуд дорад, аз ин рӯ, ин ҳақиқат, ки ин ҷо дар Тоҷикистон ҳар як аз панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ соҳиби кванториум шуд, як мавзӯъи бузург аст.
“Кванториум ё парки технологии мактаб як қаламравест, ки ба атфоли боистеъдоди алоқаманд ба технология ва илм иҷоза медиҳад, то дониши ҷадид, маҳоратҳои ҷадид ба даст биоваранд ва эҳтимолан он тахассусеро ба даст меоранд, ки онҳоро дар зиндагии бузург ҳидоят хоҳад кард”, - гуфт Семён Григорев.
Владимир Гудков, мудири Мактаби таҳсилоти миёнаи русӣ-тоҷикӣ ба номи Юрий Гагарин, бо ишора ба саҳми қобили таваҷҷуҳи маорифи Русия дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, гуфт, зарфияти кадрии мактаб ба шогирдони он, ки дар ҳоли таҳсил ҳастанд, иҷоза медиҳад, то ба тақозоҳои замон посухгӯ бошад.
“Мо барои чолишҳои технологие, ки дар ҷаҳони модерн вуҷуд дорад, комилан омода ҳастанд. Мо нишон хоҳем дод, ки чӣ гуна ба дурустӣ тадрис кунем ва чӣ гуна ба дурусти рушд кунем. Ва ин пурсиш, ки парвоз кардан чӣ қадар мушкил аст, дигар мушкил нест, балки осон аст”, - гуфт Владимир Гудков.
Вай афзуд, фақат дар зарфи як соли фаъолият мактаби мазкур на танҳо дар сатҳи Тоҷикистону Русия, балки дар сатҳ байналмилалӣ низ ба пирӯзиҳои баланд даст ёфт.
В школе для афганских иммигрантов в Таджикистане Сомониён начался новый учебный год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Соли таҳсили “Сомониён” оғоз шуд
“Соли гузашта шогирдони мо ба тими миллии роботи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Мо қаҳрамонии Осиёро бурдем. Имсол як роҳхат дорем барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Иёлоти Муттаҳида. Бовар дорам, майдони кванториуми мо бистари асосӣ барои омӯзиши ҳам тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шогирдони худи мо барои омода шудан ба мусобиқоти байналмилалӣ хоҳад шуд”, - гуфт мудири Мактаби таҳсилоти миёнаи русӣ-тоҷикӣ ба номи Юрий Гагарин.
Дар ҳамин ҳол, бо соҳиби кванториум шудани мактаби мазкур тамоми панҷ мактабе, ки Русия соли гузашта дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода – ба истифода дод, соҳиби парки технологӣ шуданд.
Ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 аз сӯи раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин – ифтитоҳ шуд. Русия барои сохтмони онҳо ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ ҳазина кардааст.
Лентаи хабарҳо
0