Соли таҳсили “Сомониён” оғоз шуд

© SputnikВ школе для афганских иммигрантов в Таджикистане "Сомониён" начался новый учебный год
В школе для афганских иммигрантов в Таджикистане Сомониён начался новый учебный год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Обуна шудан
“Сомониён”, мактаби муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, соли таҳсили ҷадидро оғоз кард
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Маросими оғози соли нави таҳсил дар сафорати Афғонистон дар Душанбе дар як маросими бошукуҳ баргузор шуд.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маросими хос дар сафорат ба он хотир гирифта шуд, ки ба мардуми ҷаҳон паём диҳем, то ба ҳуқуқи хонандагон дар Афғонистон таваҷҷуҳ кунанд.
“Ҳуқуқи миллионҳо муҳассил дар Афғонистон имрӯзҳо аз сӯи режими Толибон нақз мешавад. Духтарону писарони кишвари мо аз ҳаққи таҳсил маҳруманд. Онҳо агар хоҳиши таҳсил доранд, танҳо як роҳ доранд, он ҳам рафтан ба мадрасаҳои динӣ ё ҷиҳодӣ, ки ба манзури мағзшӯии мактабиёни Афғонистон роҳандозӣ шудаанд”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
© SputnikТоржественная церемония начала нового учебного года прошла в посольстве Афганистана в Душанбе в торжественной обстановке.
В школе для афганских иммигрантов в Таджикистане Сомониён начался новый учебный год - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Торжественная церемония начала нового учебного года прошла в посольстве Афганистана в Душанбе в торжественной обстановке.

2/4

3/4

4/4

Вай афзуд, режими Толибон* пас аз расидан ба қудрат дар соли 2021 тамоми мактабҳои асриро ба ин далел, ки “тафаккури ғарбӣ” доранд, баста, ба ҷои онҳо мадориси сирфан динӣ боз кардаанд ва ба хонандагон ба ҷуз аз улуми динӣ, дарсҳои ҷиҳодиро низ омӯзиш медиҳанд.
“Толибон* аз дини ислом таъбири хос доранд, ки мухолифи тадриси суннатии улуми динӣ дар кишвари мост. Назари мо ин аст, ки Афғонистон бештар аз ҳама ба мутахассисони иқтисоду техникаву технология ва дигар фанҳои модерн ниёз дорад ва комилан динӣ кардани нисоби мактабҳо духтарону писарони Афғонистонро бештар ба тундгароӣ ва терроризм савқ медиҳад, на илму маърифат”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Маросими оғози соли нави таҳсил дар мактаби “Сомониён” бо ширкати хонандагону волидайни онҳо, омӯзгорон ва кормандони сафорати Афғонистон дар Душанбе баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи он сурудҳои миллии Афғонистону Тоҷикистон садо дод ва барномае ҳам аз сӯи хонандагону омӯзгорон иҷро шуд.
Мактаби “Сомониён”, танҳо муассисаи таҳсилотии муҳоҷирини Афғонистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ дар солҳои 1990 дар Душанбе эҷод шуда, дар тавозуни вазорати хориҷаи Афғонистон қарор дошт.
Пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон* дар як шароити сангини молӣ, асосан бар пояи кӯмакҳои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва хайрияҳои тоҷирон фаъолият мекунад.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Тоҷикистону Толибон ё ҳамсояро интихоб намекунанд
Аз ҷумла соли гузашта мактаб натавонист ҳаққи иҷораи бинояшро пардохт кунад ва 14 феврали соли равон ба бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе нақли макон кард
Бино ба иттилои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, дар мактаби “Сомониён” ҳудуди 450 хонанда таҳсил мекунад ва ҳаққи таълим дар он моҳона ҳудуди 150 сомонӣ, муодили 13 доллар аст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0