Дар Хуҷанд 100–солагии нахустин мактаби навро таҷлил карданд – видео

Обуна шудан
Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил дар маркази вилояти Суғд ҳоло яке аз бузургтарин макотиби шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад
Як аср муқаддам замоне, ки ташкили курсҳо ва синфхонаҳои маҳви бесаводӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ба шиддат ҷараён дошт, соли 1924 бори аввал мактаби типи нав дар шаҳри Хуҷанд боз шуд, ки дар шаклгирии ин мактаби ҷадид омӯзгорони рус саҳми бориз гузоштаанд
Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил (дар гузашта ба номи М. Беҳдудӣ ва А.С. Пушкин) дар оғози асри гузашта бунёд шуда, инак сад сол ба ин тараф дарҳояш ба рӯи толибилмон боз аст.
Ин муассисаи давлатии таълимӣ, кӯҳантарин мактаби Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки дар оғози асри гузашта ба фаъолият пардохта ва инак роҳи тулонитаринеро тай карда ба ин ҳол ҷиҳати донишу саводомӯзии ҳазорҳо сокини кишвар саҳми намоён доштааст.
Кванториум он, ҷо ки парвоз осон аст
Абдуваҳҳоб Ҳалимов, омӯзгори фани таърих дар Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарчашмаҳои таърихӣ ҳокӣ аз онанд, ки дар ибтидо 12 омӯзгори Русия ба Хуҷанд омода, сидқан касби омӯзгориро ба иҷро расонида фаъолияти ин мактабро таъмин мекарданд.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳоло дар гушае аз ин мактаб исми ҳар кадоми онҳо нигошта шудааст, ки коллективи омӯзгорон ному ёди онҳоро гиромӣ медоранд.
“Ин аввалин мактаби типи нав дар ҶШС Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҳанӯз дар солҳои оғози фаъолияташ 54 нафар толибилмонаш дар озмунҳои он вақт умумииттифоқ бо нишонҳои тилло ва нуқра сарфароз гардидаанд, ки ҳеҷ мактабе он солҳо бо чунин дастовард сарфароз нагардида буд” – афзуд, Ҳалимов.
Собиқадорони соҳаи маориф мегуянд, аз солҳои нахустини таъсисёбӣ ин мактаб фаъолияти худро беш аз пеш рушду густариш медод.
Гимназияи №1 ҳоло яке аз бузургтарин макотиби Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки беш аз 2000 толибилм дар ду баст таҳсил мекунанд.
Россотрудничество геологҳои ҷавони Тоҷикистонро дастгирӣ кард
Ин мактаб дар оғоз номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дошт. Соли 1937 ба муносибати сад солагии вафоти асосгузори адабиёти клоссикии рус А.С. Пушкинро гирифт ва то соли 1992 бо ҳамин ном машҳур буд.
Соли 2018 бинои мактаб бозсозӣ шуд ва аз ҳамон сол дар он исми нависандаи халқии тоҷик Раҳим Ҷалил багузида шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард ва муносибати 100 – солагӣ ба Гимназияи №1 ташриф овард.
Сафирро консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин ва роҳбари Хонаи русӣ дар Хуҷанд ҳамроҳӣ карданд.
Тотористон барои довталабони тоҷик квота ҷудо кард
Ҳайати меҳмононро масъулини мактаб тибқи ойини меҳмоннавозии тоҷикона бо ширинӣ ва нону намак истиқбол гирифтанд.
Иштирокдорони чорабинӣ фаъолияти сад солагии мактабро аз ривояти аксҳо ва дастхатҳову навиштаҷодҳо шинос шуданд.
Лентаи хабарҳо
0