Раҳмон Мирзиёевро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Узбекистон табрик гуфт

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаКультурная программа деятелей искусств Таджикистана и Узбекистана под названием "Вечная дружба"
Культурная программа деятелей искусств Таджикистана и Узбекистана под названием Вечная дружба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2024
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон аз номи мардуми кишвараш Шавкат Мирзиёев ва тамоми мардуми бародари Узбекистонро ба муносибати ҷашни миллӣ табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳамкорӣ бо Узбекистон ҳамеша дар авлавияти сиёсати Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошӣ ба Шавкат Мирзиёев, ки ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли ҷумҳурӣ ирсол намудааст, изҳор доштааст.
"Дар солҳои охир Узбекистон дар рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, инчунин таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар ба натиҷаҳои муҳим ноил гардид, ки мо, ҳамсоягони наздик, аз ин муваффақиятҳо самимона шодем", - гуфта мешавад дар паём.
Раҳмон аз номи мардуми Тоҷикистон Мирзиёев ва тамоми мардуми бародарии Узбекистонро табрик гуфт.
Переговоры президентов Таджикистана и Узбекистана в расширенном составе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2024
Мирзиёев ба муносибати Рӯзи истиқлоли Узбекистон беш аз 500 нафарро афв кард
Вай таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда бо Узбекистон ҳамеша дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад.
Раҳмон дар бораи рушд ва тақвияти тамоми маҷмааи равобити шарикии стратегӣ ва иттифоқии миёни Тоҷикистону Узбакистонро қайд кард.
"Мо ба пешравти минбаъдаи ин раванди судманди мутақобилан манфиатдор манфиатдорем. Бо талошҳои муштарак мо минбаъд низ дар таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар ба нафъи халқҳоямон саҳм мегузорем", - навиштааст Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки дар Узбекистон 1 сентябр 33-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0