https://sputnik.tj/20240911/khatlon-qallobon-mushtariyoni-bonkho-ghorat-1064294046.html
Маълум шуд дар Хатлон қаллобон бештар муштариёни кадом бонкҳоро ғорат мекунанд
Маълум шуд дар Хатлон қаллобон бештар муштариёни кадом бонкҳоро ғорат мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Истифодабарандагони кортҳои пластикии бонкҳо аз дуздони интернетӣ изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд аз дасти онҳо пулҳои ҷамъкардаашонро ба осонӣ аз даст медиҳанд
2024-09-11T14:09+0500
2024-09-11T14:09+0500
2024-09-11T20:43+0500
дар тоҷикистон
бонк
корти пардохт
корти пластикӣ
хатлон
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054903122_67:171:3150:1905_1920x0_80_0_0_4c10cf9dcb227132f6b4dece4a9a72fe.png
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба иттилои Маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Бохтар аксари муштариёни фиребхӯрдаи қаллобон истифодабарандагони кортҳои пластикии “Душанбе сити” мебошанд, навиштааст рӯзномаи “Хатлон”.Ба гуфтаи манбаъ, мутаассифона, қаллобон бо ҳар роҳу восита ба муштариён зарари калони пулӣ расонидаанд, сафи муроҷиаткунандагонро дар марказҳои хизматтрасонӣ афзун кардааст.Тибқи иттилои Диловар Сатторов, роҳбари Маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Бохтар, давоми шаш моҳи аввали соли равон шумораи муштариёни ба доми қаллобон афтода, беш аз 35-40 нафарро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, намояндаҳои “Амонатбонк” ва Бонки “Эсхата” таъкид карданд, ки ин мушкилӣ дар миёни муштариёни онҳо ва истифодабарандагони кортҳои пластикӣ қариб, ки дида намешавад.“Роҷеъ ба ин масъала муроҷиат нашудааст”, - қайд кардаанд намояндагони ин бонкҳо.Коршиносон бар он назаранд, ки бештари онҳое, ки ба доми қаллобон гирифтор мешаванд, нафароне ҳастанд, ки аз рушди босуръати техникаву технология ба хубӣ огаҳ нестанд. Аз ҳама муҳим дар сатҳи нокифоя қарор доштани донишҳои технологӣ ва бовар кардан ба ин ё он паёмаки носанҷида.Ба гуфтаи Фирӯз Шарифов, менеҷери минтақавии “Спитаменбонк” аксарияти афроде, ки ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд, сокинони деҳотҷой ҳастанд, ки ба зудӣ фирефтаи дасти қаллобон мегарданд.Номбурда қайд кардааст, ки ҳар нафар бояд дар баробари дигар донишҳо, инчунин аз донишҳои муосири техника ва технологияи коммуникатсионӣ низ бархӯрдор бошад, чун донистани он аз гирифтории ҳар гуна қаллобон эмин нигоҳ медорад.Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон, барои фиребгарӣ ва ё дуздӣ аз корт ва ҳамёни электронӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ҷинояти “дуздӣ” аз ҷарима ба андозаи аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо оғоз карда, то дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар гардидааст.Барои ҷинояти “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” бошад, ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то понздаҳ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол муайян шудааст.
https://sputnik.tj/20240311/agar-bonk-kor-nakunad-chi-tavr-pul-firistem-maslihathoi-muhojironi-tojik-1062006483.html
https://sputnik.tj/20240828/sifatu-asliyati-puli-milli-etibor-nigaronii-bmt-istifodai-pulhoi-qalbaki-1064107130.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0e/1054903122_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_38ae7271a2cd5233b708a00033769073.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонк, хатлон, муштарӣ, қаллобӣ, корти бонкӣ, бонкдорӣ, молия
тоҷикистон, бонк, хатлон, муштарӣ, қаллобӣ, корти бонкӣ, бонкдорӣ, молия
Маълум шуд дар Хатлон қаллобон бештар муштариёни кадом бонкҳоро ғорат мекунанд
14:09 11.09.2024 (Навсозишуда: 20:43 11.09.2024) Истифодабарандагони кортҳои пластикии бонкҳо аз дуздони интернетӣ изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд аз дасти онҳо пулҳои ҷамъкардаашонро ба осонӣ аз даст медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба иттилои Маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Бохтар аксари муштариёни фиребхӯрдаи қаллобон истифодабарандагони кортҳои пластикии “Душанбе сити” мебошанд, навиштааст рӯзномаи “Хатлон”.
Ба гуфтаи манбаъ, мутаассифона, қаллобон бо ҳар роҳу восита ба муштариён зарари калони пулӣ расонидаанд, сафи муроҷиаткунандагонро дар марказҳои хизматтрасонӣ афзун кардааст.
Тибқи иттилои Диловар Сатторов, роҳбари Маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Бохтар, давоми шаш моҳи аввали соли равон шумораи муштариёни ба доми қаллобон афтода, беш аз 35-40 нафарро ташкил медиҳад.
“Ҳангоме ки шаҳрванд ба мо расман ариза пешниҳод мекунад, ҳолати онро дар якҷоягӣ бо мақомоти милитсия дида мебароем. Агар маблағро аз дохили кишвар рабуда бошанд, маблағро бозпас ба соҳибаш бармегардонем. Дар сурати ба хориҷ интиқол ёфтани маблағ бошад, ҷустуҷӯи мо бенатиҷа анҷом меёбад”, - зикр намуд Диловар Сатторов.
Дар ҳамин ҳол, намояндаҳои “Амонатбонк” ва Бонки “Эсхата” таъкид карданд, ки ин мушкилӣ дар миёни муштариёни онҳо ва истифодабарандагони кортҳои пластикӣ қариб, ки дида намешавад.
“Роҷеъ ба ин масъала муроҷиат нашудааст”, - қайд кардаанд намояндагони ин бонкҳо.
Коршиносон бар он назаранд, ки бештари онҳое, ки ба доми қаллобон гирифтор мешаванд, нафароне ҳастанд, ки аз рушди босуръати техникаву технология ба хубӣ огаҳ нестанд. Аз ҳама муҳим дар сатҳи нокифоя қарор доштани донишҳои технологӣ ва бовар кардан ба ин ё он паёмаки носанҷида.
Ба гуфтаи Фирӯз Шарифов, менеҷери минтақавии “Спитаменбонк” аксарияти афроде, ки ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд, сокинони деҳотҷой ҳастанд, ки ба зудӣ фирефтаи дасти қаллобон мегарданд.
"Пеш аз ҳама, бояд нисбати ҳар як иттилоот бо шубҳа назар кард ва ҳар он чизи дар интернет пайдошуда ва ба воситаи месенҷерҳо ирсолкардашударо набояд бовар кард”, - гуфт ӯ
Номбурда қайд кардааст, ки ҳар нафар бояд дар баробари дигар донишҳо, инчунин аз донишҳои муосири техника ва технологияи коммуникатсионӣ низ бархӯрдор бошад, чун донистани он аз гирифтории ҳар гуна қаллобон эмин нигоҳ медорад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон, барои фиребгарӣ ва ё дуздӣ аз корт ва ҳамёни электронӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ҷинояти “дуздӣ” аз ҷарима ба андозаи аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо оғоз карда, то дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар гардидааст.
Барои ҷинояти “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” бошад, ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, то маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то понздаҳ сол ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол муайян шудааст.