https://sputnik.tj/20240909/zarbai-nihoi-ima-suquti-zelenskiyro-peshbini-kardand--1064262929.html
Зарбаи ниҳоӣ: ИМА суқути Зеленскийро пешбинӣ карданд
Зарбаи ниҳоӣ: ИМА суқути Зеленскийро пешбинӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи “The National Interest” навиштааст, ки шикасти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск охирин иқдоми Зеленский хоҳад буд
2024-09-09T20:11+0500
2024-09-09T20:11+0500
2024-09-09T20:11+0500
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
владимир зеленский
суқут
донбасс
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/12/1063584416_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_e852a0cda89fa693e1a49596e75d43b1.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Таҳлилгари собиқи Пентагон Роберт Инглиш дар мақолае барои маҷаллаи “The National Interest” навиштааст, ки ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск метавонад барои Владимир Зеленский зарбаи марговар бошад.Ба гуфтаи вай, Киев бо ҳамла ба минтақаи Курск мехост, мавҷи даргириро тағйир диҳад ва шароити мусоидтар барои музокирот ба даст биёрад.Вай таъкид кард, ки Зеленский ҳамчунин мехост дастгирии мардуми Русия аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро заъиф созад. Аммо, Зеленский ба ҷои хашми русҳо ба хашми украинҳоро барангехт, менависад муаллиф."Аксари украиниҳо бар ин назаранд, ки ду иқдоми пешини Владимир Зеленский ноком будааст <...> Агар ҳуҷум ба вилояти Курск ба ҳудудҳои нигоҳдорӣ табдил ёбад, дар ҳоле ки нерӯҳои заифшудаи украинӣ шаҳрҳои калидӣ дар ҶМД-ро аз даст медиҳанд. Як зарбаи ниҳоӣ барои Зеленский хоҳад бу", - гуфт ӯИнглиш қайд кард, ки ҳам элита ва ҳам украиниҳои оддӣ дар мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии Украина бештар Зеленскийро айбдор мекунанд."Дар баъзе мавридҳо тағйироти кадрӣ ва истеъфои вазирон барои фирор аз масъулият кофӣ нахоҳад буд", - хулоса кард коршинос.Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20240907/artish-ukraina-kursk-hazoron-sarboz-nobud-1064238672.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/12/1063584416_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_eb2894ffc1e418616ce212659d30905c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, суқут, зеленский, има, курск, амалиёти вижа, русия
украина, суқут, зеленский, има, курск, амалиёти вижа, русия
Зарбаи ниҳоӣ: ИМА суқути Зеленскийро пешбинӣ карданд
Рӯзномаи “The National Interest” навиштааст, ки шикасти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курск охирин иқдоми Зеленский хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Таҳлилгари собиқи Пентагон Роберт Инглиш дар мақолае барои маҷаллаи “The National Interest” навиштааст, ки ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск метавонад барои Владимир Зеленский зарбаи марговар бошад.
Ба гуфтаи вай, Киев бо ҳамла ба минтақаи Курск мехост, мавҷи даргириро тағйир диҳад ва шароити мусоидтар барои музокирот ба даст биёрад.
Вай таъкид кард, ки Зеленский ҳамчунин мехост дастгирии мардуми Русия аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро заъиф созад. Аммо, Зеленский ба ҷои хашми русҳо ба хашми украинҳоро барангехт, менависад муаллиф.
"Аксари украиниҳо бар ин назаранд, ки ду иқдоми пешини Владимир Зеленский ноком будааст <...> Агар ҳуҷум ба вилояти Курск ба ҳудудҳои нигоҳдорӣ табдил ёбад, дар ҳоле ки нерӯҳои заифшудаи украинӣ шаҳрҳои калидӣ дар ҶМД-ро аз даст медиҳанд. Як зарбаи ниҳоӣ барои Зеленский хоҳад бу", - гуфт ӯ
Инглиш қайд кард, ки ҳам элита ва ҳам украиниҳои оддӣ дар мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии Украина бештар Зеленскийро айбдор мекунанд.
"Дар баъзе мавридҳо тағйироти кадрӣ ва истеъфои вазирон барои фирор аз масъулият кофӣ нахоҳад буд", - хулоса кард коршинос.
Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.