ВУХ Русия: ИИАО минтақаи тиҷорати озод бо бархе кишварҳоро васеътар хоҳад кард

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской-Сенной площади в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской-Сенной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Обуна шудан
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасмим гирифтааст, ки мавқеъи тиҷоратии худро дар дигар кишварҳо густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. ИИАО ният дорад бо чанд кишвар, аз ҷумла Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон ва Индонезия созишнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо расонад.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, созишномаҳои шарикӣ бо Индонезия метавонанд то охири соли 2024 ба расмият дароварда шаванд.

“Интизориҳо вуҷуд доранд. Дастурҳои муайян барои анҷоми ин раванд аллакай вуҷуд доранд”, - таъкид кард дипломат.

Муовини вазир ҳамчунин изҳор дошт, ки бастани созишномаҳо тибқи ҷадвали муқарраршуда ҷараён дорад ва суръатбахшии сунъии раванд авлавият надорад.
"Мо аз ҷониби шарикони худ ягон мушкилот ё монеаи иловагӣ намебинем", - афзуд Панкин.
Вай қайд кард, ки Русия ба унвони узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё салоҳияти бастани созишномаҳои дуҷониба дар бораи минтақаҳои тиҷорати озодро надорад, аз ин рӯ ҳама музокирот аз номи иттиҳод сурат мегирад.
Продуктовая ярмарка в Сочи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
ИИАО бо озуқаворӣ қариб пурра худро таъмин мекунад
Ғайр аз кишварҳои зикршуда, ИИАО имкони имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод бо дигар давлатҳоро низ баррасӣ мекунад, ки ин аз ҷуғрофиёи васеи манфиатҳои созмон шаҳодат медиҳад.
"Минтақаҳои тиҷрати озод на роҳи ҳалли универсалии ҳамаи мушкилот, балки воситаи муассир барои мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба мебошанд", - қайд кард Панкин.
Дипломат тавзеҳ дод, ки омили асосии таъсиси чунин минтақаҳо имконнопазирии иқтисодии онҳост, на ангезаҳои сиёсӣ.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қариб пурра аз маводи ғизоӣ таъмин аст ва интизор меравад, ки рушди шабакаи минтақаҳои савдои озод боиси афзоиши назарраси гардиши савдо ва афзоиши ҳамкории иқтисодии кишварҳои узв шавад.
Лентаи хабарҳо
0