Раҳмон дар Рӯзи истиқлолият дар Суғд ду корхонаи навро ифтитоҳ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон открыл швейное предприятие ООО "Лидер" в городе Худжанд
Эмомали Рахмон открыл швейное предприятие ООО Лидер в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Рӯзи истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои дӯзандагии "Ситораи тоҷ" ва "Лидер"-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар рӯзи таҷлил аз 33 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Тоҷикистон, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатиро ифтитоҳз кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳури кишвар корхонаҳои дӯзандагии “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор дод.
Дар ин корхонаҳои дӯзандагӣ 900 нафар дар ду баст ба кор таъмин гардидаанд.
Корхонаи “Ситораи тоҷ” бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шуда, дар як сол имкон дорад то 120 ҳазор маҷмуъ сару либоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сару либоси трикотажиро дар асоси дархост омода намуда, ба бозор пешниҳод намояд.
Қайд карда шудааст, ки муассиси корхона нақша дорад, ки дар оянда вобаста ба талаботи маҳсулот шумораи ҷойҳои корӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 2-3 баробар зиёд намояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил соотечественников с Днем независимости республики  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ табрик гуфт
Дар ҳамин ҳол, корхонаи дӯзандагии “Лидер” ба истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст.
Таъкид карда шудааст, ки азбаски шимҳои ҷинс ва дигар либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон харидорони зиёд дорад, соҳибкорони талош доранд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ворид кардани технологияи муосир маҳсулоти ватаниро бо тамғаи Made in Tajikistan дар хориҷи кишвар бештар муаррифӣ намоянд.
Барои таъмини фаъолияти доимӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ҳамзамон дар боми бино панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки дастгоҳҳои дӯзандагӣ аз онҳо неруи барқ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0