Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ табрик гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил соотечественников с Днем независимости республики
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил соотечественников с Днем независимости республики  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2024
Обуна шудан
Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии давлатии кишвар ба шумор меравад ва он имсол ботантана дар шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо 33-юмин солгарди Рӯзи истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфт
Дар ин бора дафтари матбуоти президент хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва таъсиси давлати соҳибистиқлол "бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи навини халқи тоҷик аст".
"Ба шарофати истиқлолият давлати тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти тамоми созмонҳои бонуфузи ҷаҳон пазируфта шуд", - таъкид дошт роҳбари ҷумҳурӣ.
Номбурда ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи арзанда дошта, дар ҳалли як қатор мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим саҳми арзанда гузошта, ҳамчун кишвари пешрафта ва фаъол дар ин самт эътироф карда мешавад.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард
Раҳмон дар идомаи паёми худ аз дастовардҳои кишвар дар ин муддат изҳори назар кард. Масалан, ба гуфтаи вай сатҳи камбизоатӣ аз 83% дар соли 1999 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфт. Барои идомаи ин раванд ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар 7 соли оянда сатҳи камбизоатӣ то 10% коҳиш дода шавад.
Дар ин муддат ба шарофати меҳнати мардум беш аз 2,2 ҳазор километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пулҳои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ба истифода дода шуданд.
"Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал сохтем", - таъкид кард президент.
Кишвардори Тоҷикистон дар идомаи паёмаш аз вазъи мураккабу печида ҷаҳонӣ, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ёдовар шуда, гуфтааст таъсири манфии ба Тоҷикистони низ расида истодааст.
Ба таъкиди вай, дар чунин давраи ноором мо бояд барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода бошем ва дар ғафлат намонем.
Сарвари давлат дар фарҷоми Паём ба ҳар як оила бахту саодат, рӯзгори хуш, сулҳу оромӣ орзу намуд.
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
Аз Ҷинпин то Байден: Киҳо Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолаш табрик карданд?
"Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша пойдор ва умри истиқлоли мо ҷовидон бошад! Ҳамеша саломату сарфароз ва бахтёру комгор бошед, ҳамватанони азиз!!", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон 33-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии давлатии кишвар ба шумор меравад. Дар ин рӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилояту навоҳии ҷумҳурӣ ҳамеша бо паёмҳои худ баромад мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0