Аз Ҷинпин то Байден: Киҳо Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолаш табрик карданд?

© Sputnik / Стас ЭтвешЗдание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
Обуна шудан
Як қатор сарони давлатҳо унвонии президенти Тоҷикистон барқияҳои табрикӣ ирсол намуда, ба рушди кишвар дар солҳои истиқлол баҳои баланд доданд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар робита ба таҷлили 33-умин солгарди Ҷашни истиқлол дар Тоҷикистон ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон номаву барқияҳои шодбошӣ ворид мешаванд.
Ҳамин тавр, паёмҳои идона аз ҷониби раҳбарони Русия Владимир Путин, Чин – Си Ҷинпин ИМА – Ҷо Байден, Беларус – Александр Лукашенко, Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Олмон – Франк-Валтер Штайнмайер, Арабистони Саудӣ – Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Покистон –Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвазири он Шаҳбоз Шариф, Корея – Юн Сок Ёл ворид шудааст.
Паёмҳои табрикӣ аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон – Содир Ҷабборов ва Туркманистон – Сардор Бердимуҳамедов низ ворид шудаанд.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард
Аз ҷумла Си Ҷин Пин дар паёмаш аз равобити гарми Душанбе Пекин гуфта, таъкид кардааст, ки дар кишвар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бемайлон амалӣ шуда, дар бунёди давлатдорӣ комёбиҳои бузург ба даст оварда шудааст. Ҷониби Чин ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти наздик ва шарики боэътимод аз ин раванд сидқан хушҳол аст.
Мирзиёев боша аз равобити гарми бесобиқаи кишварҳо гуфта, таъкид намудааст, ки талошҳои муштараки мо, муколамаи ошкорову дӯстона дар сатҳи олӣ, мувофиқаҳои муҳими то имрӯз бадастомада ба шукуфоӣ ва рушди минбаъдаи мардумони ба ҳам бародари мо, таҳкими пайвастаи шарикии ҳамаҷониба ва дарозмуддат хизмат хоҳанд кард.
Тоқаев дар номааш, таманно кардааст, ки Тоҷикистон рушди босуръати худро дар оянда низ идома дода, мардумаш ба ҳадафҳои наҷибаш ноил хоҳад гардид.
"Изҳори боварӣ мекунам, ки дӯстии мустаҳкам ва ҳамкорӣ, ки миёни кишварҳои мо барқарор шудаанд, минбаъд ҳам ба нафъи мардумонамон густариш хоҳанд ёфт",- афзудааст президенти Қазоқистон.
Сардор Бердимуҳамедов низ бо зикри пешрафтҳои дар замони истиқлол гуфтааст, ки Туркманистон ба тавсеа ва рушди равобити дуҷониба бо Тоҷикистон аҳамияти хосса зоҳир менамояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2024
16 санади нав: Тоҷикистону Қазоқистон Аҳдномаи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Содир Ҷабборов ҳам дар паёмаш дар идомаи табрикоташ гуфтааст, итминон дорад, ки муносибатҳои ду кишвар дар рӯҳияи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт.
Ҳамзамон ҷашни истиқлоли Тоҷикистонро раҳбари СММ Антонио Гуттериш ва собиқ президентҳои Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов табрик кардаанд.
Дар табрикот аз дастовардҳои кишвар зарфи солҳои истиқлол зикр шуда ва ба афзоиши нақши кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0