https://sputnik.tj/20240909/chorae-nadorem-poytakhti-eron-digar-meshavad--1064258380.html
Чорае надорем: Пойтахти Эрон дигар мешавад?
Чорае надорем: Пойтахти Эрон дигар мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ахиран гуфт, ки чораи дигар нест ҷуз инки пойтахти кишварро ба ҷануб, наздики дарё мунтақил диҳем
2024-09-09T13:27+0500
2024-09-09T13:27+0500
2024-09-09T13:27+0500
эрон
теҳрон
иваз
раисҷумҳур
кӯчонидан
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e3207ca1cc012892ee39e3de00206eb0.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён ахиран эълом кард ки Теҳрон ба унвони пойтахти кишвар бо мушкилоте даст ба гиребон аст ва ҳеҷ роҳи ҳиллӣ ҷуз интиқоли марказ вуҷуд надорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.Масъуди Пизишкиён бо баёни ин ки агар мехоҳем дар минтақа аввал бошем, наметавонем аз рақобатҳои худ ақаб бимонем.“Тавсеаи кишвар бо идомаи раванди феълӣ имконпазир нест, инки бихоҳем ҳамчунон манобеи аввалияро аз ҷануби кишвар ва дарё ба марказ биёрем ва табдил ба маҳсул кунем ва дубора барои содирот ба ҷануб бифиристем, ба шиддати тавон рақобати моро мустаҳлак карда ва коҳиш медиҳад; чорае надорем ҷуз ин ки марказияти иқтисодӣ ва сиёсии кишварро ба ҷануб, наздики дарё мунтақил кунем”, - изҳор дошт Пизишкиён.Вай ёдовар шудааст, ки Теҳрон ба унвони пойтахти кишвар бо мушкилоте даст ба гиребонаст ки ҳеҷ роҳи ҳилле ҷуз интиқол марказият надорем.“Камбуди об, нишаст замин, олӯдагии ҳавоу амсоли он бо тадовуми сиёсатҳо ва иқдомоте, ки то ба ҳол иттихозу иҷро шудаанд, фақат ташдидшуда ва роҳи ҳали асосии ҷобаҷои марказияти сиёсӣ ва иқтисодӣ кишвараст”, - қайд кард ӯ.Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки пас аз интихоби маркази нави пойтахт, тамоми шӯъбаҳои давлатӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд ва пас аз он ба сокинони Теҳрон имкони кӯчидан ба пойтахти нави ҷумҳурӣ дода мешавад.Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Эрон илова кард, ки интиқоли марказияти сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳам ба ин шакл ки мо худамон дар Теҳрон биншинем ва ба мардуми бигуем ҷобаҷо шаванд, мақдӯр ва мумкин нест.“Бояд ибтидо худамон биравем то мардуми ҳам дунболи мо биёянд”, - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20240908/pizishkiyon-rahmon-tojikiston-avlaviyat-siyosat-khoriji-eron-1064242222.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1c/1064107990_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_650d14221f07fb69e37a525859dd7d8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, пойтахт, иваз, раисҷумҳур, пизишкиён, теҳрон
эрон, пойтахт, иваз, раисҷумҳур, пизишкиён, теҳрон
Чорае надорем: Пойтахти Эрон дигар мешавад?
Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ахиран гуфт, ки чораи дигар нест ҷуз инки пойтахти кишварро ба ҷануб, наздики дарё мунтақил диҳем
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён ахиран эълом кард ки Теҳрон ба унвони пойтахти кишвар бо мушкилоте даст ба гиребон аст ва ҳеҷ роҳи ҳиллӣ ҷуз интиқоли марказ вуҷуд надорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Масъуди Пизишкиён бо баёни ин ки агар мехоҳем дар минтақа аввал бошем, наметавонем аз рақобатҳои худ ақаб бимонем.
“Тавсеаи кишвар бо идомаи раванди феълӣ имконпазир нест, инки бихоҳем ҳамчунон манобеи аввалияро аз ҷануби кишвар ва дарё ба марказ биёрем ва табдил ба маҳсул кунем ва дубора барои содирот ба ҷануб бифиристем, ба шиддати тавон рақобати моро мустаҳлак карда ва коҳиш медиҳад; чорае надорем ҷуз ин ки марказияти иқтисодӣ ва сиёсии кишварро ба ҷануб, наздики дарё мунтақил кунем”, - изҳор дошт Пизишкиён.
Вай ёдовар шудааст, ки Теҳрон ба унвони пойтахти кишвар бо мушкилоте даст ба гиребонаст ки ҳеҷ роҳи ҳилле ҷуз интиқол марказият надорем.
“Камбуди об, нишаст замин, олӯдагии ҳавоу амсоли он бо тадовуми сиёсатҳо ва иқдомоте, ки то ба ҳол иттихозу иҷро шудаанд, фақат ташдидшуда ва роҳи ҳали асосии ҷобаҷои марказияти сиёсӣ ва иқтисодӣ кишвараст”, - қайд кард ӯ.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки пас аз интихоби маркази нави пойтахт, тамоми шӯъбаҳои давлатӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд ва пас аз он ба сокинони Теҳрон имкони кӯчидан ба пойтахти нави ҷумҳурӣ дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Эрон илова кард, ки интиқоли марказияти сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳам ба ин шакл ки мо худамон дар Теҳрон биншинем ва ба мардуми бигуем ҷобаҷо шаванд, мақдӯр ва мумкин нест.
“Бояд ибтидо худамон биравем то мардуми ҳам дунболи мо биёянд”, - гуфт ӯ.