Афсарони иктишофии Тоҷикистон ба тамрини "Ҷустуҷӯ-2024" дар Қирғизистон оғоз карданд

© Foto / Министерство обороны республики БеларусьУчения ОДКБ "Поиск - 2024"
Учения ОДКБ Поиск - 2024  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2024
Обуна шудан
Дар қаламрави Қирғизистон Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД тамринҳоро зери унвони "Амалиёт-2024", "Ҷустуҷӯ-2024" ва "Эшелон-2024" идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар доираи машқҳои махсус бо нерӯҳои иктишофӣ ва воситаҳои "Ҷустуҷӯ-2024" ба минтақаҳои таъинотӣ гурӯҳҳои иктишофӣ сафарбар карда шуданд.
Дар ин бора котиби матбуотии Ситоди муштараки СПАД Владислав Шегрикович хабар дод.
"Ҳадафи асосӣ гузаронидани намудҳои гуногуни иктишоф ба манфиати истифодаи Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъи СПАД дар маҳаллисозии муноқишаи мусаллаҳона мебошад", - гуфт ӯ.
Афсарони иктишофгарро лозим меояд, ки ҳадафҳои гуногуни душмани шартӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро ҷустуҷӯ кунанд, инчунин ҳадафи зарбаро танзим кунанд ва дигар тадбирҳои махсусро анҷом диҳанд, гуфт Шегрикович ба ТАСС.
Инчунин як қатор вазифаҳо, аз қабили ташкили иктишофи маҷмуӣ, ба объектҳои дигар гузоштани ҷузъҳои иктишофӣ, барои барқарор намудани қобилияти ҷангии онҳо ва ғайра кор карда баромада мешаванд.
Учения ОДКБ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2024
Дар СПАД хостори таваҷҷӯҳи вижа ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд
"Дар ҷараёни машқҳо афсарони иктишофгар аз ҳавопаймоҳои гуногуншакл, тепловизорҳо ва навтарин таҷҳизоти алоқа фаъолона истифода мебаранд", - қайд карданд дар Ситоди муштараки СПАД.
Дар қаламрави Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон полковник Артур Темиров машқҳои ситоди фармондеҳӣ бо Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД "Амалиёт-2024", машқҳои махсус бо нерӯҳои иктишофӣ зери унвони "Ҷустуҷӯ-2024", машқҳои махсус бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникӣ "Эшелон-2024" идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0