https://sputnik.tj/20240907/spad-khostor-tavajjuh-vizha-istifoda-havopaymohoi-besarnishin-1064238242.html
Дар СПАД хостори таваҷҷӯҳи вижа ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд
Дар СПАД хостори таваҷҷӯҳи вижа ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Ситоди муштараки СПАД, ин дафъа амалҳои амалии мо дар минтақаҳои обӣ бо истифода аз каиқҳои ҷангӣ санҷида мешаванд
2024-09-07T17:45+0500
2024-09-07T17:45+0500
2024-09-09T12:20+0500
спад
тамриноти низомӣ
қирғизистон
ҳавопаймои бесарнишин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059886867_0:0:551:310_1920x0_80_0_0_0c864bf49c146fd047521d626f84493c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар ҷараёни тамринҳои низомии "Муомила-2024", ки дар Қирғизистон баргузор мешавад, бояд ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мубориза бо онҳо таваҷҷӯҳи хоса дода шавад. Дар ин бора Андрей Сердюков, раиси Ситоди муштараки СПАД рӯзи шанбе изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".Вай таъкид кард, ки ҳадафи асосии машқҳои ҳайати фармондеҳӣ таъмини омодагии мақомоти фармондеҳӣ, воҳидҳои нерӯҳои низомии амнияти дастаҷамъӣ барои иҷрои вазифаҳост."Мо таҷрибаи даргириҳои мусаллаҳонаи муосирро ба назар гирифтем. Шаклхо ва усулҳои доимо тағйирёбандаи амалиёти ҷангӣ таҳлили чуқур, омухтан ва азхуд намудани онҳоро дар рафти тайёрии оперативӣ ва ҷангӣ талаб мекунад. Ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муқовимат ба онҳо, ҷанги электронӣ ва несту нобуд кардани нуқтаҳои оташкушоӣ, ки айни замон дар майдони ҷанг муҳимтарин аст, таваҷҷӯҳи махсус бояд дод", - таъкид кард Сердюков. Ба гуфтаи вай, ин дафъа амалҳои амалии мо дар минтақаҳои обӣ бо истифода аз каиқҳои ҷангӣ санҷида мешавандВай афзуд, ки дар ҷараёни машқҳои дарпешистода таҳияи гузинаҳои амалҳои эҳтимолӣ дар назар аст, ки баъдан ҳангоми истифодаи нерӯҳои дастаҷамъӣ дар шароити воқеӣ истифода хоҳанд шуд. Аз 3-ум то 15-уми сентябр дар қаламрави Қирғизистон тамринҳои низомии “Муомила-2024”, “Ҷустуҷӯ-2024” ва “Эшелон-2024”, ки омӯзиши ҷузъҳои мухталифи нерӯҳои дастаҷамъии СПАД муттаҳид мешаванд, баргузор мешаванд. Дар он воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Дар доираи машқҳо дар назар аст, масъалаҳои иктишофии ҳарбӣ, омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои ҳалли низои мусаллаҳона таҳия карда шаванд.
https://sputnik.tj/20240903/ishtiroki-nizomiyoni-tojik-mashqhoi-nizomii-spad-qirghiziston-1064177372.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059886867_0:0:521:390_1920x0_80_0_0_aababbb97e04c30907fc495be12fe305.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад таваҷҷӯҳ вижа истифода ҳавопаймоҳо бесарнишин
спад таваҷҷӯҳ вижа истифода ҳавопаймоҳо бесарнишин
Дар СПАД хостори таваҷҷӯҳи вижа ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд
17:45 07.09.2024 (Навсозишуда: 12:20 09.09.2024) Ба гуфтаи раиси Ситоди муштараки СПАД, ин дафъа амалҳои амалии мо дар минтақаҳои обӣ бо истифода аз каиқҳои ҷангӣ санҷида мешаванд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар ҷараёни тамринҳои низомии "Муомила-2024", ки дар Қирғизистон баргузор мешавад, бояд ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мубориза бо онҳо таваҷҷӯҳи хоса дода шавад.
Дар ин бора Андрей Сердюков, раиси Ситоди муштараки СПАД рӯзи шанбе изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Айни замон вазъ дар ҷаҳон ноустувории стратегӣ буда, низоъҳои минтақавӣ шадид боқӣ мемонанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ хатару чолишҳои марбут ба терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар сатҳи баланд боқӣ мондааст", - гуфт ӯ зимни маросими ифтитоҳи тамринот.
Вай таъкид кард, ки ҳадафи асосии машқҳои ҳайати фармондеҳӣ таъмини омодагии мақомоти фармондеҳӣ, воҳидҳои нерӯҳои низомии амнияти дастаҷамъӣ барои иҷрои вазифаҳост.
"Мо таҷрибаи даргириҳои мусаллаҳонаи муосирро ба назар гирифтем. Шаклхо ва усулҳои доимо тағйирёбандаи амалиёти ҷангӣ таҳлили чуқур, омухтан ва азхуд намудани онҳоро дар рафти тайёрии оперативӣ ва ҷангӣ талаб мекунад. Ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва муқовимат ба онҳо, ҷанги электронӣ ва несту нобуд кардани нуқтаҳои оташкушоӣ, ки айни замон дар майдони ҷанг муҳимтарин аст, таваҷҷӯҳи махсус бояд дод", - таъкид кард Сердюков.
Ба гуфтаи вай, ин дафъа амалҳои амалии мо дар минтақаҳои обӣ бо истифода аз каиқҳои ҷангӣ санҷида мешаванд
Вай афзуд, ки дар ҷараёни машқҳои дарпешистода таҳияи гузинаҳои амалҳои эҳтимолӣ дар назар аст, ки баъдан ҳангоми истифодаи нерӯҳои дастаҷамъӣ дар шароити воқеӣ истифода хоҳанд шуд.
Аз 3-ум то 15-уми сентябр дар қаламрави Қирғизистон тамринҳои низомии “Муомила-2024”, “Ҷустуҷӯ-2024” ва “Эшелон-2024”, ки омӯзиши ҷузъҳои мухталифи нерӯҳои дастаҷамъии СПАД муттаҳид мешаванд, баргузор мешаванд.
Дар он воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Дар доираи машқҳо дар назар аст, масъалаҳои иктишофии ҳарбӣ, омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои ҳалли низои мусаллаҳона таҳия карда шаванд.