https://sputnik.tj/20240907/serbiston-tahrim-ima-rasonaho-rusiya-zarba-ozodii-bayon-1064237241.html
Сербистон таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русияро зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии баён номид
Сербистон таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русияро зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии баён номид
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи ҳукумати Сербистон таҳримоти Иёлоти Муттаҳида алайҳи расонаҳои Русияро "қарори комилан ҷанҷолӣ ва ғаразноки сиёсӣ" номид
2024-09-07T16:32+0500
2024-09-07T16:32+0500
2024-09-07T16:32+0500
сербистон
има
русия
таҳримҳо
озодии баён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063737563_0:14:2938:1667_1920x0_80_0_0_48ec9bbb8f3ab80cfe11ff3223768232.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҷорӣ шудани таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" як зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии баён ва озодии ВАО мебошад.Дар ин бора ба РИА Новости вазир, масъули ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ дар ҳукумати Сербистон Ненад Попович изҳор дошт. Ӯ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида фақат нуқтаи назари дигарро шунидан намехоҳанд, ки худхоҳии он аз тамоми ҳаддҳо берун мебарояд."Бадтарин чиз он аст, ки онҳо шаҳрвандони худро аз дастрасӣ ба манобеъи алтернативии иттилоот маҳрум карда, бо ин васила ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд. Тавре маълум аст, дар Сербистон бар хилофи Иёлоти Муттаҳида расонаҳои мухталиф расман фаъолият мекунанд ва дар фаъолияти онҳо маҳдудияте вуҷуд надорад. Матбуоти Русия нуктаи назари худ, нуктаи назари Русияро дар бораи муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, новобаста аз он ки ба касе писанд меояд ё не, пешкаш мекунад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони мо худашон интихоб мекунанд, ки аз кадом манбаъ маълумот мегиранд”, - гуфт узви ҳукумати Сербистон. Вай таъкид кард, ки ин ба арзишҳои асосии ҳар як ҷомеаи муосири демократӣ мувофиқат мекунад. Попович ҳамчунин раиси комиссияи байниҳукуматии Русияву Сербистон оид ба ҳамкориҳои илмию техникӣ ва иқтисодӣ дар моҳи ноябри соли 2023 ба феҳристи таҳримҳои ИМА шомил карда шуд;Иёлоти Муттаҳида алайҳи гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", РИА Новости, RT, Sputnik, Ruptly таҳримҳо ҷорӣ кард. Таҳримҳои нав ба сармуҳаррири расонаҳои гурӯҳи "Россия сегодня" ва RT Маргарита Симонян ва як идда раҳбарони топ-менеҷерҳои ин телевизион таъсир расониданд.
https://sputnik.tj/20240905/suriya-tahrimho-ima-alayhi-rasonahoi-ittilootii-rusiya--terrorizm-1064222209.html
сербистон
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063737563_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_388f205a5414a57a720ede95bf7f9909.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сербистон таҳрим има расонаҳо русия зарба озодии баён
сербистон таҳрим има расонаҳо русия зарба озодии баён
Сербистон таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русияро зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии баён номид
Намояндаи ҳукумати Сербистон таҳримоти Иёлоти Муттаҳида алайҳи расонаҳои Русияро "қарори комилан ҷанҷолӣ ва ғаразноки сиёсӣ" номид
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ҷорӣ шудани таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" як зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии баён ва озодии ВАО мебошад.
Дар ин бора ба РИА Новости вазир, масъули ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ дар ҳукумати Сербистон Ненад Попович изҳор дошт.
"Ҷорӣ кардани таҳримҳои ИМА алайҳи гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", албатта, як зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии сухан ва озодии ВАО аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар бораи арзишҳои демократӣ бисёр сӯҳбат мекунад, ки асоси он озодии баён ва имкони намояндагон аст”,- гуфт Попович.
Ӯ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида фақат нуқтаи назари дигарро шунидан намехоҳанд, ки худхоҳии он аз тамоми ҳаддҳо берун мебарояд.
"Бадтарин чиз он аст, ки онҳо шаҳрвандони худро аз дастрасӣ ба манобеъи алтернативии иттилоот маҳрум карда, бо ин васила ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд. Тавре маълум аст, дар Сербистон бар хилофи Иёлоти Муттаҳида расонаҳои мухталиф расман фаъолият мекунанд ва дар фаъолияти онҳо маҳдудияте вуҷуд надорад. Матбуоти Русия нуктаи назари худ, нуктаи назари Русияро дар бораи муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, новобаста аз он ки ба касе писанд меояд ё не, пешкаш мекунад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони мо худашон интихоб мекунанд, ки аз кадом манбаъ маълумот мегиранд”, - гуфт узви ҳукумати Сербистон.
Вай таъкид кард, ки ин ба арзишҳои асосии ҳар як ҷомеаи муосири демократӣ мувофиқат мекунад.
Попович ҳамчунин раиси комиссияи байниҳукуматии Русияву Сербистон оид ба ҳамкориҳои илмию техникӣ ва иқтисодӣ дар моҳи ноябри соли 2023 ба феҳристи таҳримҳои ИМА шомил карда шуд;
Иёлоти Муттаҳида алайҳи гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", РИА Новости, RT, Sputnik, Ruptly таҳримҳо ҷорӣ кард. Таҳримҳои нав ба сармуҳаррири расонаҳои гурӯҳи "Россия сегодня" ва RT Маргарита Симонян ва як идда раҳбарони топ-менеҷерҳои ин телевизион таъсир расониданд.