Расонаҳо: Ширкати расонаии амрикоӣ блогереро, ки гӯё бо RT ҳамкорӣ дошт, аз кор ронд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкОфис телеканала RT в Москве
Офис телеканала RT в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2024
Обуна шудан
Ширкати амрикоии Blaze Media блогнавис Лорен Ченро, ки гӯиё бо RT ҳамкорӣ мекардааст, аз кор рондааст
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Ширкати расонаии амрикоӣ “Blaze Media”, як рӯз пас аз эълони таҳримҳо алайҳи роҳбарияти RT, блогнавис Лорен Ченро, ки бино ба гузоришҳои расонаҳо, бо ин шабакаи телевизионӣ ҳамкорӣ доштааст, барканор кард, навиштаанд нашрияҳои Бритониё ва Амрико.
"Лорен Чен пудратчии мустақил буд ва шартномаи ӯ қатъ карда шуд", - гуфт мудири кулли Blaze Media Тайлер Кардон ба рӯзномаи “Semafor”.
Ба навиштаи рӯзнома, Чен ва шавҳараш Лиам Донован ҳаммуассисони ширкати расонаии Tenet Media мебошанд. Рӯзномаи “Daily Mail” бритониёӣ менависад, ки Чен дар таҳияи чанд мақола барои RT дар солҳои 2021 ва 2022 даст доштааст.
Рӯзномаи амрикоии "Daily Beast" дар навбати худ қайд кардааст, ки муассисони Tenet Media дар айбномаи ҳукумати ИМА вобаста ба маблағгузории блогнависон аз ҷониби расонаҳои давлатии Русия зикр шудаанд. Нашрия қайд мекунад, ки ҳарчанд номи онҳо зикр нашудааст, аммо танҳо Чен ва Донован ба ин тавсиф мувофиқат мекунанд.
Американские флаги на фоне Капитолия в Вашингтоне, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2024
Расонаҳо: Амрико Русияро дар ташкили як гурӯҳи махфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам кард
Вазорати молияи ИМА рӯзи 4 сентябр алайҳи сардабири гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян ва муовинони ӯ Антон Анисимов ва Елизавета Бродская таҳрим ҷорӣ кард. Ба ҷуз аз онҳо, раиси бахши пахши хабарҳои RT Андрей Кияшко, раиси шӯъбаи лоиҳаҳои расонаҳои рақамӣ Константин Калашников ва чанд корманди дигар ба рӯйхати сиёҳ шомил шуданд. Гузашта аз ин, Калашников ва як корманди дигари RT Елена Афанасева бо иттиҳоми қасди шустушӯи пул ва нақзи Қонуни сабти номи агентҳои хориҷӣ (FARA) муттаҳам шуданд.
Тавре вазорати хориҷаи ИМА изҳор дошт, шароити кори гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва намояндагиҳои он сахттар карда шуд ва мақоми онҳо ба "намояндагии хориҷӣ" табдил ёфтааст. Қонуни Амрико талаб мекунад, ки агентӣ дар бораи кормандон ва молу мулке, ки дар Иёлоти Муттаҳида дорад, мақомотро огоҳ намояд.
Илова бар ин, мақомоти ИМА як сиёсати наверо эълон карданд, тибқи он додани раводид ба нафароне, ки гӯё аз номи расонаҳои "Кремл" фаъолият мекунанд, маҳдуд карда мешавад.
Здание Международного информационного агентства Россия сегодня на Зубовском бульваре в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2024
Сурия: Таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русия ин терроризми иттилоотист
Бо вуҷуди ин, вазорати хориҷаи ИМА аз мушаххас кардани ин маҳдудиятҳо худдорӣ кард. Ба гуфтаи намояндаи расмии ин ниҳоди давлатии ИМА, маҳдудиятҳо на бар зидди рӯзноманигорони алоҳидаи рус, балки бар зидди кормандони созмонҳое, ки таҳти маҳдудият қарор гирифтаанд, равона карда шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳур ба РИА Новости гуфт, ки дар посух ба таҳримҳо алайҳи Russia Today дар паҳн кардани иттилоот аз расонаҳои амрикоӣ дар Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, ӯ қайд кард, ки аз сабаби набудани агентии иттилоотии давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳида чораҳои ҷавобии муносиб ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0